Озмуни иншои беҳтарин байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Рушон!
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 8-март “Рӯзи Модарон” байни толибилмони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯҳои “Қадри модар”, “Модар сарчашмаи ҳаёт”, “Қиссаи модар”, “Биҳишт зери қудуми модарон аст” ва “Зан – Модар тоҷи офариниш” баргузор намуда, озмунро санаи 24 феврали соли равон ҷамъбаст намуд. Дар озмуни мазкур 30 хонанандаи болаёқату дониши хуб дошта ширкат варзида мувоффиқи ҷамъбасти баҳоҳо:
• Паллаева Шагинай – сазовори ҷои аввал
• Сафармамадова Хунзо ва Минакова Дилноза – сазовори ҷои дуввум
• Бодурхонова Сабоҳат ва Абдолбахтова Умеда – сазовори ҷои саввум гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорони озмун бо ифтхорномаҳо ва медалҳо ва ҳамзамон иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадр гардиданд.