21 апрели соли равон рохбари гурухи кории Хукумати Чумхурии Точикистон вазири наклиёт Худоёрзода Худоёр Завкибек, баъди мулокот бо рохбарони идораву муассисахо, зиёиёну фаъолони нохияи Рушон бо мушояати раиси нохия Фаррух Додхудо аз холати кишту кори сохаи кишоварзи ва чараёни сохтмони иншоотхои таъиноти гуногуни нохия изхори назар карданд. Вазири наклиёт Худоёрзода Худоёр Завкибек аз заминхои вобастшуда, ки он чо зиёда аз 5-гармхона дар масохати 1016 м (кв) гармхонахо аз тарафи сохибкор Давлатмамадов Хамдам бунёд гардидаанд, дидан намуданд. Сохибкори номбурда мохи марти соли чори аз гармхонахои худ дар муддати муайян кабуди ва мохи апрел бодирингро ба бозори нохияви ва вилояти баровард. Давлатмамадов Хамдам иброз намуданд, ки дар накша аввалхои мохи май помидорро низ ба фуруш мебароранд. Худоёрзода Худоёр Завкибек рохбарони хамаи сохторхои иншоотхои чашниро вазифадор намуданд, ки то ташрифи президенти Чумхурии Точикистон ба ВМКБ иншоотхои сохтмоншавандаро омода намоянд.