WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Кӯмаки Рустами Эмомалӣ ба Ҷамоати Савноб

 Дар арафаи таҷлили ҷашни Сада раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои мардуми водии Бартанг кӯмаки моддӣ расонд.   Боиси зикр аст, ки таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ҳусни тоза гирифта, сокинони он бо ҳамаи шароитҳои хуби иҷтимоию иқтисодӣ беш аз пеш таъмин мегарданд.

Бар замми ҳамаи ин ободкориҳои маркази кишварамон раиси шаҳри Душанбе ба дигар манотиқи дурдасти кишвар ҳам кӯмаки хешро расонида, дар беҳбуд бахшидани шароити зисти мардум саҳми арзандаи худро мегузорад.

Бошандагони Ҷамоати Савноб ҳам аз ин амали хайри Рустами Эмомалӣ бархӯрдор гардиданд. Ба мардуми ин водӣ 30 тонна ангишт ва 15 тонна орд дастрас шуд.

Малабеков Малабек раиси Ҷамоати Савноб чунин изҳори андеша   намуд:

—Водии Бартанг ҳамеша   дар мадди назари сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар як худи деҳаи Цудара, ки аз заминҷунбии соли 2015 зарари калон дида буд, 32 хонаи нави истиқоматӣ, бо тамоми шароитҳои зиндагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Роҳу кӯпрукҳои мошинагарди ин водӣ бо кӯмаки маблации Ҳукумати Марказӣ таъмиру аз нав сохта шуда, ҳаракати нақлиёт дар тамоми фасли сол таъмин шуд.

Дар соли 2016 неругоҳҳои хурди барқии Савноб ва Пасор аз нав сохта ба истифода дода шуданд. Ба хотири таъмини минтақа аз кадрҳои соҳибмаълумот барои хонандагони водии Бартанг квотаи президентӣ муқаррар шудааст, ки танҳо шогирдони макотиби ин водӣ аз он истифода карда метавонанд.

Президенти дурандешу хирадмандамон доимо таъкид мекунад, ки нерӯи ҷавонон дар ободонии кишвар хеле бузург аст.     Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз зумраи чунин ҷавононест, ки дар ободонии кишвар саҳмгузорӣ мекунад.

Аҳолии ҷамоати мо акнун дар фасли сармо аз хӯрока ва сӯзишворӣ таъминанд. Агар бештари сокинони ҷамоат солҳои сол ҳезумро аз масофаи қариб 100 километр тавассути мошинҳо мекашонданд ва на ҳар хонавода ҷиҳати надоштани маблаци кофӣ ба он   қодир   буд, имсол хонаҳояшон гарму равшан хоҳанд шуд.

Дар ивази ин кӯмаки хайрихоҳона ҳамаи пирони кордида, модарону падарон ва умуман, аҳли ҷамоат дар ҳаққи ин фарзонафарзанди Ватан дуои хайр менамоянд.

                               Мамадалӣ БАХТИЁРОВ