WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

КОСАИ САБР ОҚИБАТ ЛАБРЕЗ МЕШАВАД.

 Орифе фармудааст: "Бузургтарин шуҷоат сабр аст".  Аммо косаи сабр оқибати оқибат лабрез мешавад. Мо мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг бо даъвати Пешвои инсонпарвару раиятпарвар, ки ҳар даъфа дар суханрониҳояш аз мардуми тоҷик даъват мекунад, ки таҳаммулпазир бошед, сабур бошед бо ҳамсоякишварҳо дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагӣ намоед.
 Аммо рӯзҳои охир қирғизҳо аз ҳадди инсонгароӣ баромада, дар моҳи мубораки Рамазон ба сокинони деҳаи Ворух ҳамлаи ваҳшиёна намуда истодаанд, ки ин талафоти ҷониро низ ба бор овард. Як ҳафта пеш аз шабакаи Фейсбук як навори нанговарро тамошо намудем, ки ин ваҳшиҳо ду кӯдаки ноболиғро ба сарҳади худ гузаронда онҳоро бераҳмона лату кӯб намудаанд. Магар ин аз руи инсоф ва одамгарист?. Магар ин ваҳшоният нест?. Пас чи хел бояд таҳаммул кард.
Сабри мо нишонаи қудрати хиради мо буд, ки гумон карданд мо миллати тоҷик аз онҳо метарсем, лекин мо ба хотири эҳтиром овардан ба ҳамсоя, ки яке аз арзишҳои ахлоқӣ аз аҷдодонамон ба мерос мондааст ба ҷо овардем. Мо аз ягон кас наметарсем ва баҳри як порча замини Ватан ҷон медиҳему онро ба ҳеҷ душман ва хони миллат намедиҳем ва то вопасин нафас баҳри дифои он мубориза мебарем.
 Аҳсану офарин ба сарбозони шӯрои Ватан ва сокинони Исфара, ки баҳри дифои Ватан шабзиндадорӣ намуда бо як ҳамлаи зарбовар душмани иғвогари тарсуро зарба дода пароканда карданд. Ба тақдири Ватан ягон кас бетараф буда наметавонад. Мо сокинони ноҳияи Рӯшон низ омода ҳастем дар қатори дигар бародарони кишвар Ватанро муҳофизат намоем. Ва ин рафтори номардона қирғизҳоро маҳкум медорем.
   Мо миллати точик ҷангро аз сар гузарондем ва обутоб ёфтем. Имрӯз мо аз ягон хоин ва душман ҳарррос надорем ва наметарсем. Наҳзатиҳо аз ин лаҳзаҳо имрӯз истифода бурда ба ҷои дастгирию дилбардории  сокинони Ворух баръакс тарафи қирғизҳоро гирифта истода, интизорӣ мекашанд, ки кай хабари хуш шунаванд, ки миллати тоҷик ғарқаи хун мешад. Аммо фаромӯш насозанд, ки миллати тоҷик миллати Худодод ҳастанд ва хоки муқаддаси Ватан пои душман ва нохалафро қабул намесозад. Ва шикаст додани қирғизҳо аз тарафи сарбозони тоҷик, гӯё корд задан ба қалби наҳзатиҳо буд. Шумо ҳаргиз ба нияти нопокатон намерасед, зеро намака ки хӯрдед ба намакдон туф бояд накард. Аз ранҷу ғами дигарон хурсанд бояд нашуд! Зеро беуҳда нагуфтаанд, ки аз мост, ки бар мост.

Муштзурӣ мекуни ҳамсояи чун то ба кай,
Дасти мо ҳам мушт битавонад шудан ҳангоми ҷанг.