
Дар Кохи фарҳанги ноҳия Рӯзи Артиши миллӣ бо шукҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ба ромад карда, аз таъсиси Артиши миллӣ ва ҷонбозиҳои Пешвои милллат барои пойдору бақувват гардонидани он ёдовар гашт. Ҳамзамон фарзонафарзандони ноҳияро низ ном гирифт, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмат карда истодаанд ва ному обрӯи ноҳияро баланд бардошта истодаанд. Дар фарҷоми суханронияш ҳамаи мардуми ноҳияро бо Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод гуфта собиқадорони садамаи Чернобил, сарбозони қисмҳои сарҳадии ноҳия, собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳро бо мукофоту сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ намуд.
Тантанаи Рӯзи Артиши миллиро баромади дастаи ҳунарии бахши фарҳанг ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии дар ноҳияибуда ҳусну таровати хоса бахшид.