WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Варзиш Ҷавонон

Марҳилаи интихобии II – юми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар ноҳияи Рушон ҷамъбаст гардид

Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон, дар асоси мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани аҳолӣ ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи шоҳмот байни наврасону ҷавонон ва калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз рӯи ин намуди варзиш, марҳилаи интихобии дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот”  дар сатҳи ноҳияи Рушон  ҷамъбаст гардид.

Мувофиқи низомнома  мусобиқаи мазкур дар чор марҳила баргузор мегардад:

  • Марҳилаи интихобии 1: аз санаи 10 июн то 07 июли соли 2019 дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо доир гардид;
  • Марҳилаи интихобии 2: аз санаи 08 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии якум доир гардид;
  • Марҳилаи интихобии 3: аз санаи 05 август то 25 сентябри соли 2019 дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад;
  • Марҳилаи (ниҳоӣ) 4: аз санаи 01 то 05 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо гузаронида мешавад;

Марҳилаи интихобии дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар Маркази ҷавонони ноҳияи Рушон бо иштироки 22 варзишгар ҷамъбаст гардид. Дар марҳилаи интихоботии сеюми мусобиқа,  ғолибони марҳилаи интихобии аввал иштирок менамоянд. Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур байни наврасону наврасдухтарони то 14 сола, байни ҷавонону ҷавондухтарони аз 15 то 30 сола ва байни мардону бонувони аз 31 сола боло барои гирифтани мақомҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯи инфиродӣ ва мақомҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯи даставӣ суръат мегирад.

Мувоффиқи нишондодҳо ғолибон дар сатҳи ноҳия ба тариқи зайл муайян гардиданд:

  • Байни наврасони то 14 сола:
  • Азизбеков Акимбек
  • Ғазалов Амим
  • Дусталиев Алигавҳар
  • Байни наврасдухтарони то 14 сола:
  • Завурбекова Зулҳиҷҷа
  • Илмираи Фарид
  • Индираи Фарид
  • Байни ҷавонони аз 15 то 30 сола:
  • Навбаҳоров Навбаҳор
  • Суфишоев Хушруз
  • Байни ҷавондухтарони аз 15 то 30 сола:
  • Муборакшоева Умеда
  • Байни мардони аз 31 сола боло:
  • Ғазалов Азиз
  • Амадхонов Пайшанбе
  • Суфишоев Султоназар
  • Байни собиқадорони ноҳия
  • Абдолов Сафар
  • Шукрихудоев Ҷумъа
  • Лалоенов Санговчай

Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи интихобии сеюми мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” аз санаи 05 то 25 сентябри соли равон дар сатҳи вилоят баргузор  мегардад,  ки  дар он ғолибони марҳилаи интихобии дуюм иштирок менамоянд.