Дастгирии афроди ниёзманд, ятимону оилаҳои камбизоат, маъюбону бепарасторон рисолати ахлоқии банӣ-башар мебошад, ки тавассути саховатмандию хайрхоҳии одамон сурат мегирад.
Дар ин росто, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 мавриди амал қарор дорад, ки идораву муассисаҳо ва ашхоси алоҳида ба хона-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон, собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯмаки хайриявӣ карда, инчунин дар доираи имконият дар таъмиру азнавсозии биноҳои мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои фарҳангӣ дасти мадад дароз мекунанд. Ин амали хайр мунтазам идома дошта, бахусус, ҳангоми идҳои Қурбон ва Фитр, дар ҳолатҳои фавқулода ҷанбаи оммавӣ мегирад, ки аз фазилати инсонӣ башорат медиҳад.
Имсол низ МИМҲД-и ноҳия бо мақсади иьрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири табрику таҳнияти сарҳадбонон дар Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳад дар дидбонгоҳ ба маблағи 7717 сомонӣ дастархони идона густурданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр ва раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ба оилаҳои камбизоат ва онҳое, ки дар парасториашон 2 ё зиёда маъюб доранд, ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ маводи ғизо харидорӣ намуда, дастрас нумуданд.
Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби соҳибкорону ризокорон ба шахсони яккаву таныо, муассисаҳои таълим=, таъмири роҳу каналҳо ёрии амал= расонданд.
Хайрхоҳони Ҷамоати Муъминшо Абдулвасиев ва коллективи МТМУ №1 ба оилаҳои собиқадорони ҶБВ ва маркази инкишофи кӯдакии барвақт ба маблағи 1589 сомонӣ кӯмак расонданд.
Бошандагони саховатманди деҳаи Шидзи ҳамин ҷамоат бошанд, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат 1474 сомониро тақдим намуданд.
Чунин амалҳои хайрхоҳона дар Ҷамоатҳои Назаршо Додхудоев, Рӯшон, Пастхуф, Бартанг, Басиду Савноб низ ба таври худихтиёрӣ сурат гирифт. Ба кӯмаки хайриявӣ, ҳатто муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, мароқ зоҳир карда, ба ниёзмандони диёрашон хайроти моддӣ ва молиявӣ арзонӣ доштанд. Аслан, хайру сахо ба таблиғу ташвиқ ва ҳамду сано ниёз надорад. Фақат зикр мекунем, ки ин камоли неку ба таври оммав= ҷараён гирифта, ҳам маблағҳои садақаи фитр ва ҳам дигар амалиёти хайриявӣ ба ниёзмандон иҷро гардид.