Имруз машварати васеи назди раиси ноҳияи Рӯшон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардида, масъалаи ҷамъбасти фаъолияти идораву муассисаҳои ноҳия дар 11 мохи соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини аввали раиси ноҳия Гулмаст Дӯстализода ба таври муфассал аз натиҷаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сухан кард. Роҳбарони иддае аз идораву муассисаҳо перомуни маърӯзаи Г.Дӯстализода изҳори назар карданд.
Машваратро раиси ноҳия Фаррух Додхудо пеш бурда, изҳори итминон кард, ки меҳнаткашони ноҳияи Рӯшон дастуру раҳнамоҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияташон намуда, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро сазовор истиқбол мегиранд.
Инчунин дар рафти ҷаласа аз тарафи раиси ноҳия ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.