Дар заминаи шарҳу тавзеи нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷаласаи навбатии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа вобаста ба фаъолияти соҳаи иҷтимоии вилоят, тарғиби ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи риояи забони давлатӣ” дар идораву муассисаҳо, ба шуғл фаро гирифтани занону бонувон ва ҷалби ҷавонони вилоят ба тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳамзамон беҳбуд бахшидани таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси ВМКБ Мирзонбот Алишер Худобердӣ нахуст аз нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки дар баробари дигар самтҳои хоҷгаии халқ дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлакат ба рушди иҷтимоӣ, хусусан бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва муҷаҳҳаз бо шароити ҳозиразамон ҷалб кард. Ба замми ин дар Паёми навбати диққати асосӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати занону ҷавондухтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда равона гардида, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ман ба неруи созандаи ҷавонону бонувони мамлакат боварӣ ва эътимоди калон дорам.
Раиси вилоят он нуқтаро баён намуд, ки маҳз ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯзҳо ба ҷавонону бонувон имкониятҳои мусоид ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа дода мешавад. Ба замми ҳамаи ин таъкид гардид, ки насли ҷавон ва занону ҷавондухтарон низ бояд дар ҷавоб ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи тадбиқи ҳадафҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат мавқеи намоёнро нишон диҳанд.
Ҳамчунин раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муовинони идеалогии шаҳру навоҳии вилоят, шуъба ва бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла занону ҷавонон, маорифу Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ, риояи интизоми меҳнат ва дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ, ҷалби бонувон ба духти либосҳои мактабӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дастур дода шуд, сохторҳои марбута бояд вобаста ба фаҳмонда додани ҳар як банди Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраку деҳот корбарӣ намуда, сокинонро аз рушду пешрафти шаҳру навоҳии вилоят воқиф гардонанд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани фаъолияти корӣ, ба масъулини шаҳру навоҳии вилоят, раёсатҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, супоришҳои иловагӣ доданд.




