Бахшида ба 25 –умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 конфронс баргузор гашт. Ба хотири ин чорабинии хотирмон дар пештоқи муассиса намоиши дастовардҳои шогирдони мактаб ва ҳунарҳои мардумии деҳа ба маърази тамошо гузошта шуда, аъзои ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб ва ҳозирин аз тамошои он ҳаловат бурданд.

Дар конфронс раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудлев нахустин шуда баромад намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми ноҳияро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфт. Раиси ноҳия аз таърихи ташкилёбии ҳизб ва талошу ҷидду ҷаҳдҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ба ҳадаф расидани мақсадҳои ҳизб баҳри сулҳу амонӣ, шукуфоӣ, созандагии кишвар ҳарф зад. Ҳамзамон иброз намуд, ки саҳми арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар корҳои созандагии ноҳия низ назаррасанд. Мавсуф Барномаҳои Ҳукумати Марказии Тоҷикистонро оиди инкишофи иҷтимоию иқтисодии Бартанг ва ноҳияи Рӯшонро ёдовар гардид, ки ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия мусоидат намудааанд.

Баъдан раиси комиҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова аз фаъолият, пешрафту саҳмгузории ҳизб дар ҳаёти мардуми ноҳия ахборот дод. / зикр кард, ки дар ноҳия соли 1998 нахустин ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт ва имрӯз дар ноҳия 48 ташкилоти ибтидоӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 2600 нафар аъзо доранд. Аъзои ҳизб дар ҳамаи соҳоти ноҳия, хоҷагӣ, маориф, иқтисоду иҷтимо кору фаъолият дошта, барои инкишофи ҳаёти мардум саҳму талош доранд. Комиҷроияи Ҳзби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшонбуда тамоми қувваву неруи худро ба он равона сохтааст, ҳадафу мақсадҳои Ҳукумати Тоҷикистонро амлӣ намоянд ва барои ин кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, ки ҳамеша дар байни мардум кор бурда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаъзами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалан дар ҳаёт татбиқ намояд. Ҳамзамон комиҷроия бо муҳоҷирони меҳнатии бархе кишварҳо низ алоқаи хуби ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ҳамеша аз ҳолу аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ хабардор мебошад. Ҳамин аст, ки соли ҷорӣ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатии давлати Олмон ба суратҳисоби коимҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия амалкунанда 9600 сомонӣ ирсол гардид. Ин кӯмаки беғаразонаро коимҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Сипонҷ, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, шогирдони макотиби ноҳия масраф кард.
Холиса Саидхонова афзуд, ки оиди кӯмакҳои беғаразонаи комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба собиқадорон, оилаҳои камбизоат, хонандагони макотиб, ятимону ниёзмандон пайваста мерасад.

Дар конфронс намояндаи ташкилоти ҷавонони «Созандагони ватан» Шаҳло Алиназарова, собиқадори ҳизб Валамат Шозодаева баромад намуданд.
Дар фарҷоми конфронс раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ба собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии пешқадам, хонандагон-ғолибони озмунҳои ноҳияви «Иншои беҳтарин» ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд. Ҳамчунин раиси ноҳия ба аъзои нави ҳизб билетҳои ҳизбиро ба таври тантанавӣ супорид.
Бо анҷоми конфронс дастаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи хуби консертиро пешкаш намуданд.
Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон