Таҳти ҳамин шиор таърихи 31 марти соли 2020 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҶҲАТ “Ҳилоли Аҳмар” ва Утоқи тарзи ташаккули ҳаёти солим дар ноҳияи Рушон Ҳамоиш (аксия)баргузор намуданд. Дар ҳамоиш волонтёрони ҶҲАТ “Ҳилоли Аҳмар” ва мутахассисони УТТҲС ҷалб гардида, дар маркази ноҳия ва ҷойҳои серодам вобаста ба пешгирии бемории сироятии covid -2019 яъне вируси тоҷдор корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ бо сокинон ташкил карда шуд. Мутахассисони соҳаи тиб пурра оиди пешгирии ин бемории сироятӣ ба сокинон дар шакли инфиродию гуруҳӣ маълумотҳои дақиқ ва дастурҳои муфид пешкаш намуданд. Ҳамзамон, барои сокинон, раҳгузарон ва ронандаҳои мошинҳои мусофиркаш варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Мувофиқи нақша баъди дастрас гардидани маводҳои муҳофизатӣ аз ҷумлаи ниқоб, маҳлули безараргардонӣ, собун, дастпушаки яккарата ва салфеткаҳои спиртӣ тақсим карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо дар ҳамаи деҳаҳо ва маҳаллаҳо баргузор хоҳанд шуд. Зеро ки таргиби тарзи ҳаёти солим ин яке аз ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад.Бахши иттилоотии -КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон.