Таърихи 31 августи соли 2019 аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии Помир-NF-и давлати Олмон сармоягузор (донор) Гизела Бондесс табобатхонаи минтақавӣ бо маблацгузории 500 ҳазор дар деҳаи Басиди Ҷамоати деҳоти Басид сохта ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи он Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файз, раиси ноҳия Фаррух Додхудоев, донор Гизела Бондесс, намояндагони Олмонӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилоят ҳангоми суханронияш зикр намуд, ки ноҳияи Рушон яке аз ҷойҳои ҳамчун як минтақаи ҷолиби диққати сайёҳӣ ба худ ҷалбкунандаро доро мебошад. Боиси хурсандии мову шумо аст, ки имрӯз аз тарафи бародарони олмонии мо дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табобатхонаи замонавӣ бо тамоми таҷҳизоташ ба истифода дода шуд. Инчунин миннатдории самимии худро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба сохтмончиён баён намуда, қайд кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат эълон намудани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буд, ки имрӯз таъдоди сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар вилоят зиёд шуда истодааст.
Сокинони деҳаи Басиди Ҷамоати Басид миннатдории самимии худро ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сармоягузорони хориҷӣ баён намуданд.
Сипас ҳунармандони деҳаи Басид ва гурӯҳи «Само» бо қироату сурудҳои хеш хотири меҳмонон ва ҷамъомадагонро болида гардониданд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия