Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди тенниси руи миз бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикситон
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рузи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви мунтахаби ноҳия, санаи 21 ноябри соли равон дар толори тенниси Маркази ҷавонони ноҳияи Рушон мусобиқаии кушоди ноҳиявӣ аз намуди тенниси руи миз байни наврасдухтарону ҷавондухтарони то синни 18 сола, наврасписарони то синни 14 сола ва наврасону ҷавонони то синни 18 сола баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 76 варзишгар аз номи панҷ даста аз ҷамоатҳои деҳоти Н. Додхудоев, Рушон ва Пастхуф (Барушон, Дерзуд, Вамар 1, Вамар 2, Пастхуф) баромад намуда, аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд.
Тибқи нишондодҳои охир ғолибони мусобиқа ба тариқи зайл суръат гирифт:
- Байни наврасдухтарону ҷавондухтарони то синни 18 сола:
- Шарифова Ситора – ҷойи аввал
- Давлатшоева Манзура – ҷойи дуввум
- Давлатшоева Нурия – ҷойи саввум
- Байни наврасписарони то синни 14 сола:
- Шикориев Партов – ҷойи аввал
- Давлатқадамов Парвиз – ҷойи дуввум
- Шехбуров Мусо – ҷойи саввум
- Байни наврасону ҷавонони то синни 18 сола:
- Мамадназаров Эраҷ – ҷойи аввал
- Баковулов Иброз – ҷойи дуввум
- Боқиев Азиз – ҷойи саввум
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи мазкур бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон қадр гардиданд.
БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НОҲ ИЯИ РУШОН!