Маҳфили “Адибони навраси ноҳия” бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар ноҳияи Рушон
Санаи 22 майи соли равон бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи Пайғоми Рӯшон дар китобхонаи марказии ноҳия Маҳфили адибони наврас бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар маҳфил мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, сармуҳаррир ва рузноманигори Пайғоми Рӯшон, кормандони китобхонаи марказии ноҳия ва адибони навқалам аз ҷамоатҳои дуру наздики ноҳия иштирок намуда, адибони навқалам эҷодиёти шеър ва ҳикояҳои худро ба шунавандагон қироат намуданд. Дар охири маҳфил, адибонро бо ифтихорномаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон қадрдонӣ намуданд.