WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Кӯмаки ширкати рекламавии ЕМГ-и шаҳри Москваи Федратсияи Россия ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон

Аз ҷониби ширкати рекламавии ЕМГ-и шаҳри Москваи Федратсияи Россия ба тарбиятгирагандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, ба номи профессор Додхудо Карамшоев, ки аксарашон ятимон ва аз оилаҳои камбизоату кӯдакони ниёзманаданад, кӯмаки яквақта  расид. Ин ширкат барои  тарбиятгирандагони муассиса маводи хӯрока аз қабили гӯшт, картоша, тарбуз, биринҷ, равған, шириниҳо, либосҳои мактабиву варзишӣ, курткаву пойафзоли гарм, сарпӯшу  тӯбу бозичаҳо, китобу дафтар ва дигар маводро тақдим намуданд.

Бо дархости ширкати мазкур маводро аз Федратсияи Россия фарзанди устод Фахрӣ Карамшоев, ки дар ширкати мазкур кору фаъолият дорад аз шаҳри Москва ба ноҳияи Рӯшон расонид. Мавсуф  дар суҳбат изҳор намуд, ки ширкати мо дар тамоми манои Россия хайраҳои зиёдеро пиёда мекунад ва тайи се сол боз ба мактаб- интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон кӯмак мерасонад. Хушбахтона роҳбарияти ширкати мо   тасмим гирифт, ки дар оянда ҳам кӯмакашро ба мактаби-интернати давлати ноҳияи Рӯшон идома диҳад. Боиси қайд аст, ки мо дар оянда ният дорем, ки ба иловаи кӯмаки маводи цизоӣ ва моддӣ дар таъмир бинои интернат ва дигар ҷиҳатҳои  ниёзмандии мактаб-интернат корҳо зиёдеро сомон хоҳем дод.  904556801 саркор

Директори мактаб-интернати ҷумҳурияви Лайло Чоршанбиева дар фарҷоми тасими туҳфаҳо ба роҳбарияти ширкати ЕМГ-и шаҳри Москваи Федратсияи Россия ва фарзанди Профессор Додхудо Карамшоев изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки мо хеле хушнудем, ки муассисаи мо номи абармарди кишвар, олими барҷаста,  инсони поктинат Додхудо Карамшоевро соҳиб аст. Маҳз ҳамин ном, ки аз ҷониби Ҳукумати марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоати маорифи ҷумҳурӣ ва бисёр ташкилотуҳои ҷаҳонӣ, ки устодро хеле хуб мешиносанд, барои тарбиятгирандагони мо кӯмакҳои зиёде мерасад.

Имрӯз низ 280 нафар тарбиятгирандаи мо туҳфаҳои хубе гирифтанд ва барои тарбиятгирандагони фаъолу аълохон бошад туҳфаҳои махсуси тайёркардаи ширкат тақдим гардид. Ин қадрдониҳо боиси пешрафтитаълиму тарбия ва бедор гаштани шавқи тарбиятгирандагон ба донишу варзиш  мегардад.

Маҳз чунин дастгириҳост, ки шогирдони муассисаи мо дар озмунҳои  фаннии ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат меварзанд ва ҷойҳои намоёнро соҳиб мегарданд.Ҳамасола  90 фоизи хатмкунандагони мактаб- интернат ба мактабҳои олии мамлакат ва берну аз он  дохил мешаванд. Соли ҷорӣ бошад бори нахуст футболбозони навраси мактаб-интернати мо дар мусобиқаи байналмилалии футбол байни наврасон дар шаҳри Сочӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойи намоён гардиданд.

Дар фарҷом Фахрӣ Карамшоев аз номи ширкати ЕМГ-и шаҳри Москва барои тарбиятгирандагон, омӯзгорон ва меҳмонон дар ошхонаи мактаб-интернат хӯроки гарми яквақтаро ташкил намуд.