Дар ноҳияи Рушон бо мақсади пешгирии хурӯҷи бемории сироятии Короновирус бо дастгирии МИҲД-и ноҳия дар ҳамкорӣ бо МНДСЭ, Хоҷагии манзилии коммуналӣ ва хадамоти оташнишонӣ дар ҳудуди ноҳия корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуд. Оғоз аз моҳи апрел то ба ҳолати ҳозира тамоми муассисаҳои давлатӣ, қисмҳои сарҳадӣ, муассисаҳои таҳстлоти миёнаи умумӣ, мағозаҳо, ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои маишию хизматрасонӣ, роҳҳои одамгузару мошингузари маркази ноҳия ва кучаву пасткучаҳо безарар гардонида шуданд. Корҳои безараргардонӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ ташкил карда шуда, ин масъала дар мадди назари МИҲД-и ноҳия қарор дорад.