Дар ноҳияи Рушон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри рушду нумуъи шаҳру деҳаҳои қаламрави мамлакат корҳои ободонию хуррамгардонданӣ, бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад. Сокинони заҳматкаши ноҳия тамоми иродаву матонати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаву бунёдкорона, таҳкими сулҳу субот ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, бо дилу нияти нек ва ҳисси баланди ватандустӣ дар ободонию пешрафти диёри биҳиштосо дастҷамъона саъю талош доранд. Бо ҳамин мақсад дар ноҳия низ мисли дигар ноҳияҳои қаламрави мамлакат бо иштироки кормандони идораву муассиса ва сокинони ноҳия ҳар рузи шанбе дар ноҳия ҳашари умумӣ ташкил ва гузаронида мешавад.