Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 22-юмин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди волейбол байни наврасону ҷавонон доир гардид.
Мусобиқаи мазкур дар боғи фарҳангии ноҳия байни дастаҳои ҷамоатҳои деҳот баргузор гардида, дастаҳо баҳри ба даст овардани ғолибият давоми чор руз байни ҳам рақобат намуданд. Баъд аз рақобат дар даври нимниҳоӣ, дастаҳои Ахванд ва Пичов ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври ниҳоӣ даста Ахванд ҳарифашро бо ҳисоби калони 3/0 шикаст дода, ғолибият ба даст овард ва аз тарафи МИМҲД-и ноҳияи Рушон бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки волейбол яке аз намудҳои беҳтарини варзиш дар ноҳия ба шумор меравад, ки дар баробари дигар намудҳои варзиш сол аз сол рушд ёфта истодааст ва мухлисон низ ба ин намуди варзиш таваҷҷӯҳи бештар доранд.