WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Аз роҳбарии шаҳри бузург то ба маснади олӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Рӯ овардан ба ҷавонони солимфикр ва соҳибкасб ин рӯ овардан ба ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии шоиставу босаодат. Зеро ҷомеаи имрӯзаи мо ба ҷавонони бофазлу дониш ва навовар ниёз дорад. Роҳбарияти олии кишвар имрӯз ба ин қишри созанда таваҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Ҷавонон бо қувваи бузурги созандаашон пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, бисёр дастовардҳои кишвар аз меҳнату заҳмати софдилонаи онҳо манша мегирад. Аз рӯзи ба мансаби раиси шаҳри Душанбе таъин шудани Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон симои худро кулан тағйир дод. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷавонию нишот назаре накарда, бо тамоми ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, созандагиву бунёдкорӣ дар рушди устувор ҳамаҷонибаи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе камари ҳиммат баста дар як муддати кӯтоҳ онро ба як шаҳри афсонавӣ табдил доданд.

     Музафариятҳои бесобиқа, ободкорию хуррамгардонии бемисл, навсозиҳои навини се соли охир шаклу намои шаҳри Душанберо хеле ва хеле зебову дилоро ва диданиву тамошобоб гардонидааст. Бунёду азнавсозии гулгашту боғҳои наву замонавӣ, хонаҳои зебову баландошиёна, сохта ба истифода додани роҳу пулҳои замонавӣ, таҷдиди ҳамаҷониба ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохтани нақшаи генералии пойтахт ҳама аз ҳадафҳои созандагӣ, ободкорӣ ва ватансозии ҷавони созанда, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳодат медиҳад. Рустами замони мо бо бозувони Рустамона, бо ақлу хираду заковати ба худ хос мактаби бузургу хиради азалӣ ва ватандӯстии хоси Падари азиз, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо завқи баланди ватансозӣ бо гомҳои устувор, собитқадамона тай менамояд.  Сарвари ҷавону бо ҷаҳонбинии васеъ имрӯз Душанбешаҳро ба як макони биҳиштосо табдил додаст, ки ин ифтихори кулли сокинони мамлакат мебошад. Шояд он пешравию ободкориҳо буданд, ки бо боварӣ ва дуоҳои кулли сокинон, таърихи 17 апрели соли 2020 дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон даъвати шашум ӯро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон интихоб намуданд. Ва бо боварии том мегӯем, ки Рустами Эмомалӣ ин марҳилаи барои миллат тақдирсозро ба гунаи аҳсан паси сар мекунад ва дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз худ номи нек боқӣ мегузорад. Ин рисолати ватанпарваронаро бо ҳидоятҳои Пешвои миллат бо имону виҷдони пок, содиқонаву садоқатмандона дар назди давлату миллат шабонарӯзӣ бо дилу ҷон адо мекунад.  

      Мо сокинони ноҳияи Рушон мутмаинем ва боварии комил дорем, ки чун Рустами Эмомалӣ ҳама мардуми бонангу ори Ватан пайравони содиқи Пешвои миллат гардида, бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву мутаҳиддӣ тамоми камбудиву мушкилотҳои ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бечунучаро бартараф менамоем ва бо дарки баланди ҳисси масъулият мо ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлоламон ва  Ватани аҷдодиву азизамон Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша заҳмат мекашем ва талош меварзем, ки Ватанамон доимо зебову обод бошад.   Бо ин вазифаи пурмасъулаш мо сокинони ноҳия уро табрику таҳният намуда, дар фаъолияти пурсамари кориаш бурдбориҳои беназирро таманно менамоем.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон:      Саидхонова Х