WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Ахбор

ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН ИДОМА ДОРАНД

 Таърихи 28.12.2020 гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Рӯшон Додхудо Фаррух Муборакшо, аъзоёни гурӯҳ Саихдонова Х-Раиси КИҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон, Толибшоев Мамадёр-Раиси Ҷамоати деҳоти Бартанг, Ниёзбеков Ниёзбек-Раиси Ҷамоати деҳоти Басид, Муборакқадамзода Ҳамроз-Сардори ШКД дар Ҷамоати деҳоти Бартанг вобаста ба баррасии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15.12.2020 баён гардиданд бо сокинони Ҷамоатҳои деҳоти Бартанг ва  Басид суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Ҳайати гурӯҳ тамоми дастурҳоро ба сокинон  иро намуда, аз дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан Пешвои миллат ба ин водии дурдаст ибрози назар намуданд. Сокинони ин деҳаҳои дурдасти ноҳия бо иштироки фаъолонаи худ  нишон доданд, ки сиёсати имрӯзаи давлатро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. 
   Баъди вохӯриҳо Раиси ноҳия аз шароити  тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Бартанг, муассисаҳои тиббии ин водии дурдаст аз наздик шинос шуда, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолият дастурҳо доданд.
   Ҳамзамон, худи ҳамон рӯз аз тарафи раиси ноҳия қабули сайёри шаҳрвандон ташкил карда шуда, бошандагони ин деҳаҳо дархосту пешниҳодҳоро ба раиси ноҳия пешниҳод намуданд.