Санаи 23.11.2019 бахшида ба таҷлили «Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шипат майдончаи варзишӣ ва деҳаи Деҳи Ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиев хати оби нушокӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маросими кушодашавӣ муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонаботов Алишер ва раиси ноҳияи Рушон Додхудоев Ф.М иштирок намуда, бо буридани лентаи рамзӣ ин иншоотҳои муҳими соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамзамон, мувоини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонаботов Алишер ва раиси ноҳияи Рушон Додхудоев Ф.М дар маросими кушодашавӣ суханронӣ намуда, сокинони деҳаҳои Деҳ ва Шипатро ба ифтихори «Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба истифода додани майдончаи варзишӣ ва хати оби нӯшокӣ табрик намуданд.
Бояд қайд кард, ки лоиҳаи хати оби нӯшокии деҳаи Деҳ бо дастгирии БҶИМК–и Хазинаи Оғохон дар масофаи 2 км бо 78 нуқтаи обгузар ба маблағи 268 ҳазор сомонӣ ва майдончаи варзишии деҳаи Шипат бо дастгирии бевоситаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Х.З, муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонаботов, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» ва аҳли ҷомеа мавриди истифода қарор гирифтанд.