Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рушон иҷлосияи нунздаҳуми даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон баргузор гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин баррасӣ гардидаанд:
1. Ҷараёни иҷрои қарори раиси ноҳия аз 9 апрели соли 2015, №114 дар бораи қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 28.11.2014, №341 «Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2012, №334 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020».
2. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии №26 Басид Ниёзбеков Ниёзбек оиди иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ.
3.Дар бораи қарори маҷлиси Ҷамоати деҳоти Н.Додхудоев аз 30 майи соли 2019, №125 «Дар бораи пешниҳоди шӯрои педагогии МТМУ №6 оиди номгузории варзишгоҳи деҳаи Дерушон ба номи Шоқаландаров Асайнӣ».
4.Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳои ҳаждаҳум ва нунздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул шудаанд.
Шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳ.