WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 20.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдончаи муосири варзиширо мавриди истифода қарор доданд.

Майдончаи варзишии замонавӣ аз тарафи соҳибкори саховатпешаи маҳаллӣ Сафар Ризвонзода сохта шудааст.

Оилаи Ризвоновҳо дар пайравӣ аз корҳои созандаю ташаббусҳои беназири Пешвои миллат иқдом гирифтанд, ки барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар фурсати кӯтоҳ чунин як иншооти варзишии муосир бунёд намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми ҷавонмардони соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипос намуда, амали бунёдкоронаи ӯро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 800 метри мураббаъ мебошад ва дар он бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол гузаронида мешаванд.

Акнун ҷавонону наврасони хуштолеи ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони васеи машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзишро дар ин майдонча пайдо карданд.

Дар шафати варзишгоҳ майдони васеи футбол мавҷуд аст. Ҳамчунин як майдончаи бозӣ барои кӯдакон низ бунёд шуда истодааст ва он рӯзҳои наздик пурра ба истифода супорида мешавад.

Дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон 3 майдончаи муосири варзишӣ мутобиқ ба талаботи замон бунёд шудааст ва ҳоло сохтмони боз 3 майдони варзишии дигар низ бо ҷалби ҷавонмардони саховатманд идома дорад.

Дар маҷмӯъ дар ноҳияи Рӯшон беш аз 20 иншооти варзишӣ мавҷуд аст.

Айни замон дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Рӯшон 646 нафар наврасону ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда шудааст.