Санаи 20 майи соли равон дар толори мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушон бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва калонсолон ба машғулияти мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот тибқи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Шоҳмот байни мардон оғоз гардид.
Дар мусобиқаи мазкур иштирокдорон аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок менамоянд (Душанбе 1,2; Хатлон 1;2; Суғд ва Бадахшон).
Меҳмонон ва иштирокдорони мусобиқаро шоми 19 июл мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон дар назди мактаб интернати ҷумҳуриявӣ пешвоз гирифтанд.
Мавриди зикр аст ки мусобиқа аз санаи 20 то 26 июли соли равон давом мекунад ва аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии мамлакатамон дар ноҳияи Рушон гузашта истодааст.