Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон мулоқоти судбахш бо ҷалби табақаҳои гуногуни аҳолӣ: кормандони идораву муассисаҳо, намояндагону ҷавонони синни даъватӣ, падару модарони даъватшавандаҳо ба Артиши миллӣ, кормандани ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини ноҳия, фаъолон, вакилони тозаинтихоби Маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид, ки дар он муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ генерал-летинанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Меликзода Муҳаммад ширкат варзида, оид ба масъалаҳои муҳими рӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авзои сиёсии замони муосир, масъалаи мубрами руз даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мулоқотро раиси ноҳия Додхудо Фаррух Муборакшо ифтитоҳ намуда, баъди муаррифии гурӯҳи корӣ ва шарҳи ҳадафи онҳо суханронии пурмуҳтавои масъулини вилоят ҷараён гирифт. Номбурдагон аз он қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки тайи ду соли охир ВМКБ, аз ҷумла ноҳияи Рушон нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавононро ба Артиши миллӣ пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро намуда, дар миқёси ҷумҳурӣ дар ин бобат пешсаф мебошанд, ки ин маърака дар рӯзҳои нахустин ба таври муташаккилона ҷамъбаст мегардад. Аз он қаноатмандӣ изҳор шуд, ки тамоми воҳидҳои сохтори давлатӣ ва аҳли ҷомеа муҳимияти маъракаи даъватро эҳсоси баланди ватандорӣ шумурда, фарзандонашонро ба ҳимояи Ватан бо руҳияи баланд гусел кардаанд. Инчунин, аз сокинони ноҳияи Рушон даъват ба амал оварданд, ки ин эстафетаро аз даст надода, доиман пешсаф бимонем. Факту рақамҳое, ки аз тарафи гуруҳи корӣ садо дода шудаанд бори дигар моро ҳушдор менамояд, ки аз ҳар вақта зираку ҳушёртвр шуда, бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ боз ҳам муборизаи беамон барем. Мулоқот бисёр ҳам самимӣ ва ошкоро гузашта, аз тарафи иштирокдорон хеле хуш пазируфта шуд.