Таърихи 18 июли соли равон дар толори хурди МИҲД-и ноҳия Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Рушон бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроия, Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва тарафдорону ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Ба Рӯзномаи Маҷлис 5 масъала баррасӣ гардида, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Бо иштироки муовини раиси ноҳия Абдулмаинова Заррина барои ҷавонзаноне, ки бо хоҳиши худашон ба сафи ҲХДТ дохил шуданд билетҳои ҳизбӣ ботантана тақдим карда шуд. Мавсуф аз ҳамаи иштирокдорон ва аъзоён даъват ба амал овард, ки аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ бояд барои дигарон намунаи ибрат бошанд. Барои шахсоне, ки нав ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд комёбиҳои назаррасро таманно намуданд.