WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Варзиш

Марҳилаи интихобии I – уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар ноҳия ҷамъбаст гардид

Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон, дар асоси мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани аҳолӣ ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи шоҳмот байни наврасону ҷавонон ва калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз рӯи ин намуди варзиш, марҳилаи интихобии якуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот”  дар сатҳи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рушон  ҷамъбаст гардид.

Мувофиқи низомнома  мусобиқаи мазкур дар чор марҳила баргузор мегардад:

  • Марҳилаи интихобии 1: аз санаи 10 июн то 07 июли соли 2019 дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо доир мегардад;
  • Марҳилаи интихобии 2: аз санаи 08 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии якум доир мегардад;
  • Марҳилаи интихобии 3: аз санаи 05 август то 25 сентябри соли 2019 дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад;
  • Марҳилаи (ниҳоӣ) 4: аз санаи 01 то 05 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо гузаронида мешавад;

Марҳилаи интихобии I – уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар ноҳияи Рушон ҷамъбаст гардида, омодагиҳо барои гузаронидани марҳилаи интихобии дуюм идома доранд. Дар марҳилаи интихоботии дуюми мусобиқа,  ғолибони марҳилаи интихобии аввал иштирок менамоянд. Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур байни наврасону наврасдухтарони то 14 сола, байни ҷавонону ҷавондухтарони аз 15 то 30 сола ва байни мардону бонувони аз 31 сола боло барои гирифтани мақомҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯи инфиродӣ ва мақомҳои якум, дуюм ва сеюм аз рӯи даставӣ суръат мегирад.

Бояд тазаккур дод, ки марҳилаи интихобии дуюми мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” аз 08 июл то 25 августи соли равон дар сартосари мамлакат доир гардида, мувофиқи нақшаи тасдиқшуда –  03 августи соли 2019 дар ноҳияи Рушон баргузор мегардад.