WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

ИҶЛОСИЯ ҲАСТИИ МИЛЛАТРО ФАСЛ КАРД


Давоми садсолаҳо аҷнабиёни нотавонбин ба сари миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик теғу лашкар кашида, меҳани аҷдодиро қисм – қисм мебуриданд ва ё пешинагони моро қатли ом менамуданд. Аммо халқи ҷонсахту пурғурурамон ба ҳамаи сангиниҳои сарнавишт ва даҳшату ваҳшати душман тоб оварда, алорағми ин қасду ниятҳои аҳриманонаи онҳо, гӯё аз зери хокистар чун мурғи самандар сар аз нав боло мекарду дар ҳифзи нангу нангу номуси ватандорӣ ва ҳастиву ҳувияти хеш ғаюртару сарҷамътар мешуд.

Ин миллату ин сарзамин масири пуршебу фарози ҳазорсолаҳои таърихро паймуда, ниҳоят Истиқлоли комилро соҳиб шуд. Оре, 9-уми сентябри соли 1991 изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатӣ қабул гардид, вале бадхоҳону ҳасудони даркаминнишаста чун ҳамвора ба таҳқиқу татбиқи нақшаю ниятҳои нопоки хеш бархоста, тифли раҳомӯзи истиқлоли мо дар ибтидои роҳи худ ба фоҷиаи ҷонкоҳе дучор гардид, ки феълан бешубҳа такрори он рӯзҳоро касе намехоҳад. Яъне дар натиҷаи фитнаю дасисаи нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ ва баъзе қудратталабҳои дохилӣ авзои сиёсию иҷтимоии кишварамон ноором гардида, Тоҷикистон ба гирдоби даргириҳои хунини дохилӣ кашида шуд. Дар гўшаву канори сарзамини тоҷикон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, қариб тамоми рукнҳои сохтори давлатӣ вайрону фалаҷ гардиданд. Маркази ҷумҳурӣ, марказҳои маъмурии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва садҳо ҷамоату корхонаҳои саноатӣ, иқтисодиёт, муассисаҳои иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва маорифу тандурустӣ муфлису пӯшида шуда, ҳазорон нафар гуреза гаштанду ба хоҷагии халқи мамлакат миллионҳо маблағ хисорот расид. Дар ин аём, воқеан масъалаи ҳастиву нестии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон саволи матраҳ буд.
Замоне, ки Тоҷикистон дар лаби вартаи нобудӣ қарор дошт, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо амри Парвардигор ва хости тақдир ҷавонмарди 40-сола, дар ҳоле ки дар толор чеҳраҳои зиёди сиёсии таҷрибадида хомӯшию бетарафиро ихтиёр карда буданд, бо ҷуръату матонад ва боварии қатъӣ масъулияти бузурги роҳбарии давлатро ба зимма гирифт ва ваъда дод, ки ба Ватанаш сулҳ ва озодию ободӣ меоварад. Ин ҷавонмарди ҷонфидою равшанзамир, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз рӯзҳои аввали роҳбариаш тамоми неруи ҷисмонӣ ва равониашро барои хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани тинҷию оромӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона кард, – тавзеҳ дод, раиси ноҳия.
Баъди 40 силсиламулоқоти тӯлонии расмӣ ва ғайрирасмӣ бо мухолифин 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ба имзо расид, гурезаҳо ба Ватан баргашта, дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон ободкориҳо тадриҷан ҷараён гирифтанд. Дар муддати хеле кутоҳ садҳо иншооти таъиноти саноативу иҷтимоӣ, аз ҷумла, роҳҳою кӯпрукҳо, нақбҳо, неругоҳҳо, корхонаҳо, мактабҳо, қасрҳои фарҳанг, шифохонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва ғайра сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо ин дастовардҳои беназир миллати мо ба ҷаҳониён исбот намуд, ки миллати созандаю ободкор аст, на сӯзандаву бедодгар.
Давоми 30 сол, баъди қабули Иҷлосияи тақдирсоз дар Тоҷикистони азизамон солҳои озмоишу имтиҳонҳои басо гарону сангин, вале пурмасъулият рӯи кор омада, симои Ватани мо, обрӯю эътибори миллат ва мавқеи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ зина ба зина боло рафт. Ҳоло, ҳамаи ин дастовардҳои миллат маҳз аз иқдому ташаббусҳои хастанопазир ва кӯшишҳои бемислу арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ноҳияи Рӯшон дар замони 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат ва аз рӯзи қабули иҷлосияи таърихӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаётӣ ва пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ба муваффақиятҳои беназир ноил шуда, дар ин муддат дар ноҳияи биноҳои маъмурӣ, неругоҳҳои хурди барқии обӣ, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдонҳои варзишӣ, марказҳои тиҷоратӣ, тарабхонаҳо ва ғайр сохта гардиданд. Танҳо тайи солҳои охир дар ноҳия дар маҷмӯъ 314 иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ, бо маблағи 183 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ аз иқдомоти дигари самарабахши даврони истиқлолият аст. Дар натиҷаи ин ислоҳот дар заминаи 14 хоҷагии коллективӣ ва 1 хоҷагии давлатӣ 34 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфтанд. Тамоми моликияти давлатии оҷагиҳои коллективӣ ва давлатӣ ба таври ройгон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаст гардид. Ин тадбирҳо баҳри таъмини аҳолӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ равона гардида, натиҷаи дилхоҳ ба бор оварданд. Самаранокии истифодаву боздеҳи замини деҳқонон афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳои соҳа низ баланд бардошта шуданд.
Ҳукумати мамлакат давоми 31 сол ба рушду тараққии ноҳия ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳамияти доимӣ зоҳир менамояд. Дар ин давра барои рушди ноҳия ва дастгириии буҷети он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 500 миллион сомонӣ кӯмак расонида шуд.
Яке аз арзишмандтарин меваҳои соҳибихтиёрӣ барои ноҳияи мо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии води Бартанг» аз соли 2013 ва Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016-2020, инчунин тасдиқ гардидани Нақшаи генералии маркази ноҳия маҳсуб мешаванд. Мояи ифтихору хурсандӣ аст, ки аксарияи нуктаҳои ин барномаҳо бо дастгирии ҳукумати марказӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятӣ амалӣ гардида, деҳот ва маркази ноҳия ба таври шинохтанашаванда симояшонро дигаргун сохтанд.
Мардуми шарифу соҳибфарҳанги ноҳияи Рӯшон аз неъмату баракати истиқлолият шукргузорӣ намуда, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ карда, баҳри таҳкими истиқлолияту ваҳдат ва шукуфоии мамлакат саҳми арзандаашонро мегузоранд. Бигузор, истиқлолият ва суботи сартосарии кишвар асрҳои аср дар роҳи фатҳи музаффариятҳои тоза ва ободкориҳои мо, чароғи раҳнамо ва тоҷи заррини шукӯҳу ифтихори миллати тоҷдори мо бошад.
Додхудо Фаррух Муборакшо, раиси ноҳияи Рӯшон