Ҳафтаи аввали моҳи октябр Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ як қатор чорабиниҳои адабӣ, фарҳангиро дар маркази ноҳия роҳандозӣ намуд.
2-уми октябр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва варзиш дар Китобхонаи марказии ноҳия бо иштироки ҷавонон, фаъолзанон, адибону шоирон ва собиқадорони меҳнат конференсия баргузор гардид. Дар конференсия мудири бахши кор бо занон ва оила Мералиева Гулдона дар мавзӯи «Забон – ҳастии миллат аст», раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Саидхонова Холисамо дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба арҷгузорӣ ба забони давлатӣ сано хонд» ва омӯзгори МТМУ № 9 Боймамадова Фахрия дар мавзӯи «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» суханронӣ карданд.
Шоир, адиб, рӯзноманигор Пайшанбе Давлатов бобати бузургии забон, щадру манзалат ва щудрату тавоноии ин мущаддасоти миллӣ ҳарф заданд.