ДОДХУДОЕВ ФАРРУХ МУБОРАКШОЕВИЧ
22 июни соли 1969 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.духтур уролог,ҷонишини сардухтури касалхонаи вилоятӣ (2003-2011).
Солҳои 1976-1986 дар мактаби миёнаи № 8-и деҳаи Дерзуд таҳсил намудааст.Баъди тамом карднаи мактаб соли 1986 ба Институти тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд.Солҳои 1989-1992 дар сафи Ќувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хизмат намудааст.Бо итмоми хизмат бар асари ҷанги шаҳрвандӣ таҳсилоташро дар донишгоҳ давом дода натавонист ва фащат баъди ором шудани ҷомеа таҳсилоташро идома дод. Соли 1997 баъди хатми донишгоҳ ба курсҳои сайќали касб дохил шуд ва аз соли 1998 то соли 2003 дар поликлиникаи шаҳри Хоруғ ба сифати духтур уролог кор кард. Солҳои 2003-2011 вазифаи ҷонишини сардухтури касалхонаи вилоятиро бар дӯш дошт. Аз соли 2011 то 2016 ба сифати духтур урологи касалхонаи вилоятӣ фаъолият намуд. Соли 2016 сардухтури касалхонаи вилоятӣ таъин гардид.
Моҳи сентябри соли 2017 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Рӯшон таъин шуд.
Вакили мардумӣ дар маҷлиси вакилони халќи ВМКБ ( даъватҳои 3-4- 5)