Дар арафаи таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар доираи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Касри фарҳанг маҳфили хотирмони адабӣ баргузор гардид, ки он бо ибтикори ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарояндаи таронаҳои халқӣ, тараннумгари сурудҳои классикӣ ва таблиғкунандаи фарҳанги асили тоҷикӣ Абдулшаҳид Саодатшоев ва адибони мактаби адабии Рӯшон ҷараён гирифт.
Абдулшаҳид Саодатшоев, ки дар ҷодаи санъати мусиқӣ истеъдод ва таҷрибаи зиёд дорад, дар ин шоми босафо дар мавзуъҳои истиқлолу ваҳдат, дӯстию рафоқат, ишқу муҳаббати пок, таронаву ашӯла ва сурудҳои дилнишинро манзури мухлисонаш намуд.
Азбаски рӯзи 14 июн мавлуди чеҳраи шинохтаи санъати мусиқии Машриқзамин Аҳмад Зоҳир мебошад, Абдулшаҳид як қисми барномаи консертиро ба поси хотираи ин овозхони машҳур бахшида, сурудҳояшро ба самъи ҳаводоронаш расонд…
Барномаи консертӣ бо усули ширу – шакар- шеъру сурудхонӣ сурат гирифта, дили ҳозиринро шод гардонид.