Санаи 5 октябри соли 2019 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рушон «Рӯзи забони давлатӣ» бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ тамоми кормандони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ширкат намуданд. Муовини якуми раиси ноҳия Дустализода Г.Д. суханронӣ намуда доир ба мартабаву мақом, таърихи рушди инкишоф, афзалияту бартарии забони тоҷикӣ маърузаи пурмӯҳтаво намуда, таъкид кард, ки ҳар фарди солимфикри кишвар бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», ки ибтидои он ба моҳи октябри соли 2009 иттифоқ афтодааст, эҳтиром намояд, забони давлатиро ба таври фасеҳ омӯзад ва дар баробари он ба омӯзиши забони хориҷӣ низ мароқ дошта бошад.
Баъд аз суханронии муовини якуми раиси ноҳия аз ҷониби ҳаваскорони Ҷамоати деҳоти Рушон барномаи рангини фарҳагӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия