Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди тенниси руи миз байни наврасдухтарони ноҳия
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дустиву ваҳдат байни наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 8 – март “Рӯзи Модарон” байни наврасдухтарони ноҳия мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди тенниси руи миз баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 40 варзишгар аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия:
– Ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев – 2 даста
– Ҷамоати деҳоти Рушон – 2 даста
– Ҷамоати деҳоти Бартанг – 1 даста,
ширкат варзида, варзишгарон аз худ маҳорати баланди касбиро нишон доданд. Мувофиқи нишондодҳои охир, варзишгарон:
1. Шарифова Ситора (хонандаи синфи 8 МТМУ #9) – сазовори ҷои аввал
2. Манзураи Нодиршо (хонандаи синфи 11 МТМУ # 8) – сазовори дуввум
3. Насимаи Назарамон (хонандаи синфи 8 -и МТМУ #9) – сазовори ҷои саввум гардиданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа, бо ифтхорномаҳо ва медалҳои бахши кор бо ҷавонони ноҳия қадр гардиданд.