21 август дар Хонаи фарҳанги деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон маҳфили ёдбуди Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, сардирижёри Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнї шодравон Азизмамад Ниёзмамадов баргузор гардид.
Азизмамад Ниёзмамадов соли 20 августи соли 1942 дар деҳаи кӯчак, вале фарҳангхези Емс таваллуд шудааст. Устоди зиндаёд мавриди таҳсил дар омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, Консерваторияи Тошканд ва Консерваторияи Киев аз устодони бузурги соҳа донишу таҷрибаи кофї гирифта, чанд муддат дар театри опера ва балети ҷумҳурї аз сардирижёри маъруф Баласанян маҳорату малака омӯхт.
Азизмамад Ниёзмамадов аз байни кадрҳои маҳаллї аввалин мутахассиси варзида буд, ки соли 1978 сардрижёрии Театри опера ва балети ҷумҳуриро ба зиммааш гузоштанд ва ӯ ин вазифаи мураккабу масъулиятталабро то охири умр — соли1996 сарбаландона иҷро намуд.
Хизматҳои арзандаи А.Ниёзмамадов бо унвони Арбоби шоистаи Тоҷикистон ва чандин ифтихорномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги кишвар қадрдонї шудааст.
Дар маҳфили ёдбуд, ки бо ташаббуси аҳли хонаводаи равоншод, хонаи фарҳанг ва мусоидати бахши фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид, намояндагони бахши фарҳанг, Ҷамоати Рӯшон, пайвандон ва ёру дӯстон бо суханони нек ва аҳли ҳунари деҳа ва гуруҳи ҳунарии овозадори «Жирай» бо созу навои суннатї ва муосир руҳи устоди ҳунарро шод намуданд.
«Пайѓоми Рӯшон»
Дар аксҳо: лаҳза аз маҳфили ёдбуд