Конфронси илмӣ дар мавзӯи: -“Пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО БПНМ” дар ноҳияи Рушон
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО БПНМ дар толори мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушон, бо ибтикори маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО БПНМ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахши кор бо занон ва оила ва бахши хадамоти муҳоҷирати ноҳия конфронси илмӣ доир гардид. Дар кори конфронс мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, хадамоти муҳоҷират ва корманди маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО БПНМ баромад намуда, оиди пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин вирус сухан карданд. Дар охир барои болидахотирии иштирокдорон ва ҳозирин, дастпарварони Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи худро пешниҳод намуданд!
