Гуштини миллӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дустиву ваҳдат байни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, муайян намудани узви мунтахаби ноҳия ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санаи 09 ноябри соли равон дар толори варзишии Вастан мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди Гуштини миллӣ байни наврасону ҷавонони то синни 14 сола баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 160 варзишгар аз ҷамоатҳои дуру наздики ноҳия аз руи 12 вазн (21кг, 23кг, 25кг, 27кг, 29кг, 32кг, 35кг, 38кг, 42кг, 46кг, 50кг, +50кг) байни ҳам рақобат намуда, дар охири қувваозмоиҳо ғолибон ва ҷоизадоронро муайян намуданд. Иштироки дастаҳо дар мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ ба тариқи зайл суръат гирифт:
- Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев: – 2 даста
- Ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев: – 4 даста
- Ҷамоати деҳоти Рушон: – 3 даста
- Ҷамоати деҳоти Савноб: – 1 даста
Мавриди зикр аст, ки дастпарварони мактаби деҳаи Рошорви ҷамоати деҳоти Савноб дар чунин мусобиқаи сатҳи ноҳиявӣ маротибаи аввал ширкат варзида, аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд. Дар вазнҳои 23кг, 25кг ва 29кг маҳз варзишгарони деҳаи дурдасттарин ва баландтарин ғолиб ва ҷоизадори мусобиқа гардиданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди Гуштини миллӣ бо ифтихорномаҳо ва ммедалҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон қадр гардиданд.
БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НОҲИЯИ РУШОН