Бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон, бо мақсади ҳавасманд намудани фаъолияти маърифативу идроки хонандагон санаи 20.02.2020 дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, Академияи хурди илмии мактаббачагони ноҳия баргузор гардид.
Мақсади конференсия зоҳир намудани майлу қобилияти хонандагон барои азхудкунии фанҳои ҷудогона дар сатҳи ташкили корҳои илмии тадқиқотӣ ва эҷодкории онҳо маҳсуб меёбад.
Дар маҷлиси ифтитоҳии Конференсия мудири шуъбаи маориф – Нурҳаётов Х, директори АХИ–и ВМКБ – Қамбаров С баромад намуданд.
Инчунин, дар Конференсия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо теъдоди зиёда аз 70 нафар иштрикор намуда, аъзоёни фаъоли Академияи хурди илмии мактаббачагон- 50 нафар бо мавзӯъҳои гуногун баромад карданд.