Маълумоти ҷуѓрофӣ ва сохти маъмурию ҳудудии ноҳия
Ноҳияи Рўшон дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардида, аз ҷанубу шарқ бо Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон, аз шарқ бо ноҳияи Шуѓнон ва аз ѓарб бо ноҳияи Ванҷ ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии ноҳия 5870,7 км2 буда, он 9,1 фоизи масоҳати вилояти ВМКБ-ро ташкил менамояд. Ноҳия аз 7 ҷамоат (М.Абдулвосиев, Н.Додхудоев, Пастхуф, Бартанг, Басид, Савноб ва Рўшон) иборат буда, масофа аз маркази ноҳия то Ҷамоати деҳоти М.Абдулвосиев 30 км, то Ҷамоати деҳоти Н.Додхудоев 15 км, то Ҷамоати деҳоти Пастхуф 12 км, то Ҷамоати деҳоти Бартанг 45 км, то Ҷамоати деҳоти Басид 90 км, то Ҷамоати деҳоти Савноб 145 км-ро ташкил медиҳад. Ҷамоати деҳотиРўшон дар маркази ноҳия воқеъ гардидааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруѓ 65 км ва то пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе 432 км-ро ташкил медиҳад.
Харитаи марзию маъмурии ноҳияи Рўшон
Ҳолати демографии ноҳия
Шумораи аҳолии ноҳияи Рўшон ба ҳолати 1 январи соли 2017 – 28274 нафарро ташкил додааст, аз ҷумла шумораи мардон 10143 нафар (ё 51,4%) ва шумораи занон 10740 нафар (ё 48,6%) буда, суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 1,4 фоизро ташкил медиҳад.
Зичии ҷойгиршавии аҳолии ноҳия дар 1 километри мураббаъ 4,5 нафарро ташкил медиҳад. Ноҳия аз рўи хусусияташ аграрӣ буда, аҳолии он пурра дар деҳот зиндагӣ менамоянд.
Ҳайати миллии аҳолии ноҳияи Рўшон пурра (100%) аз тоҷикон иборат мебошад.
Шароитҳо ва захираҳои табиию иқлимӣ
Ноҳияи Рўшон дар мавзеи ҳамвории ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Бартанг ҷойгир шуда, иқлимаш муътадил мебошад. Релефи ноҳияи Рўшон куҳӣ буда, онро аз шимол қаторкуҳи Язѓулом (нуқтаи баландтаринаш қуллаи Вудор, баландиаш 6139 м), аз шарқ қаторкуҳҳои Музкўл ва Аличури Шимол (баландиаш 5929 м), аз ҷануб қаторкўҳҳои Рўшон (нуқтаи баландтаринаш қуллаи Патхор, баландиаш 6089 м) ва аз ѓарб водии дарёи Панҷ (баландиаш 2000 м) иҳота кардаанд. Дарёи калонтарини ноҳия Бартанг буда, шохобҳои калони он аз Равмеддара, Бардара ва дигар дараҳои куҳӣ иборат мебошанд.
Қаторкуҳҳои ноҳия асосан аз ҷинсҳои метаморфӣ (гнейс, варақсангҳои кристаллии гуногун, мармар, кварсит) ва интрузивӣ таркиб ёфтаанд. Дар доманакўҳҳо ва нишебиҳои қаторкўҳҳо набототи биёбонию нимбиёбонӣ, дар баландиҳои миёна набототи даштӣ, баъзан арча ва дигар наботот месабзанд.
Ҳарорати миёнаи ҳаво дар фасли тобистон дар моҳи июл +25 то +30 дараҷа гарм ва дар фасли зимистон дар моҳи январ аз -5 то -20 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳия миқдори боришоти солона 200-500 мм-ро ташкил медиҳад.Хоки заминҳои ноҳия – хоки биёбонии минтақаи бешадашт мебошад. Омилҳои зикргардида барои ба кишоварзӣ машѓул гардидани аҳолии ноҳия шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар ноҳия кишти зироатҳои асосӣ, ба монанди ѓалладона, картошка ва сабзавот ба роҳ мондашуда, ҳамасола меваи тару тоза низ истеҳсол мегардад. Дар ноҳия чорводорӣ, аз ҷумла қутоспарварӣ ва асппарварӣ, паррандапарварӣ ва занбўри асалпарварӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир дар ноҳия дар заминаи шароитҳои маҳаллӣ соҳаи моҳипарварӣ нав ташкил шудааст. Аз канданиҳои фоиданок, дар ноҳия кварсит, оҳан, мармар ва волфрам мавҷуд аст, вале бо сабаби норасогии сармояи дохилию хориҷӣ ва инфрасохтори дахлдор коркард намешаванд.
Аз сабаби кам будани масоҳати заминҳои корам, ноҳия ба аз худнамудани заминҳои нави кишоварзӣ, рушди соҳаи мелиоратсия (пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обтақсимкунанда) ва ирригатсия (каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо) эҳтиёҷ дорад.
Мавҷудияти канданиҳои гуногуни табииӣ дар ҳудуди ноҳия ва шароитҳои иқлимию ҷуѓрофӣ, барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ имконият фароҳам овардааст. Дар ояндаи миёнамўҳлат рушди соҳаҳои туризм, коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва инфрасохтору соҳибкорӣ имконпазир аст.
Дар татбиқи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ корҳои муайяне анҷом дода мешавад.Дар ҳудуди ноҳия 2 коргоҳ, 3 сех, 21 нуқтаи хӯроквории саноатӣ, 136 муассисаҳои савдо, 11 ҳаммом, 96 бинои ҷамъиятии фарҳангӣ- тамошоӣ, 6 иншооти варзишӣ, 2 меҳмонхона, 44 муассисаи табобатию профилактикӣ, 1 ҶДММ «Даҳонпизишикӣ», 2 дорухона, 6 нуқтаи фурӯши доруворӣ, 2 иншооти корезӣ ва поксозӣ, 3 иншооти обтаъминкунии муттамарказ, 18 қубурҳои обгузар, 13 иншооти саноатӣ, 3 сех, 5 нуқтаи дӯзандагӣ, 17 коргоҳи саноатии масолеҳии сохтмонӣ, 2 муассисаи нақлиёти автомобилӣ, 13 ҶДММ оиди сохтмон, 8 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 1 коргоҳи коркарди санг, 5 нуқтаи таъмири нақлиёт ва 7 иншооти дигар фаъолият доранд.
Дар ҳудуди ноҳия, аз канданиҳои фоиданок, захираи калони мармар ва кварсит, захираҳои регу-шағал ва варақсангҳои кристаллии гуногун мавҷуд мебошанд ва дар ояндаи наздик аз онҳо коркард ва истеҳсол намудани масолеҳи гуногуни сохтмонӣ дар назар аст.
. Биниши ояндаи ноҳияи Рўшон
Ноҳияи Рўшон – маркази муосири истеҳсолкунанда ва коркардкунандаи маҳсулоти кишоварзию саноатии мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалии дорои шароити ҷолиби соҳибкории хурду миёна ва сармоягузории манфиатнок, бо инфрасохтори тараққикардаи иҷтимоию иқтисодӣ ва шароити мусоиди муҳити зист мебошад, ки дар он аҳолии бофарҳанг ва солиму хушбахт зиндагӣ ва фаъолият менамояд.
Биниши мазкур дар асоси таҳлили (SWOT), яъне бо назардошти тарафҳои қавию заиф ва имкониятҳою хатарҳои рушди ноҳияи Рўшон таҳия гардидааст.
Ҷадвали №6.Таҳлили ҳолати умумии ноҳия (SWOT)
Тарафҳои қавӣ | Тарафҳои заиф |
· Мавҷуд будани ашёи хоми маҳаллӣ барои рушди соҳаи саноат;
· Шароити хуби иқлимӣ барои чорводорӣ, растанипарварӣ ва боѓдорӣ. · Мавҷудияти заминҳои ҳосилхез ва корам. · Мавқеи мувофиқи ҷугрофӣ. · Мавҷуд будани захираҳои бои табиӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок . · Дастрас будани инфрасохтори аввалиндараҷа, аз ҷумла (роҳҳо, шабакаҳои об ва барқ). · Мавҷудияти ташкилотҳои хурди молиявӣ ва бонкҳо. · Сатҳи мўътадили рушди демографӣ. · Мавҷудияти мутахассисони соҳибкасб ва қувваи кории арзон. · Мавҷудияти хоҷагиҳои деҳқонии соҳибтаҷриба. · Мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ. · Ҷоӣгир будани ноҳия дар ҳудуди назди сарҳадӣ. · Дар шафати шоҳроҳи «Душанбе-Хоруѓ-Кулма» ҷойгир будани ноҳия.
|
· Бо иқтидори пурра кор накардани
корхонаҳои саноатии мавҷуда ва шумораи маҳдуди корхонаҳои хурду миёна. · Набудани марказҳои менеҷмент ва маркетинги муосири иктисодӣ. · Сатҳи баланди бекорӣ ва муҳоҷират. · Корношоям гардидани шабакаҳои ирригатсионӣ ва обтаъминкунӣ. · Сатҳи нокифояи дастгирии иҷтимоии табакаҳои камбизоатии аҳолӣ. · Ҳолати ѓайриқаноъатбахш ва таъмирталабии роҳҳои маҳаллӣ ва иншоотҳои обтаъминкунӣ. · Норасоӣ ва гарон будани нархҳои сўзишворию равѓанҳои молиданӣ ва нуриҳои минералӣ, техникаи ҳозиразамон ва қисмҳои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ. · Шўршавии масоҳати зиёди заминҳои кишт. · Фарсуда гардидани фондҳои асосии ноҳия. · Баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ. · Нокифоягии маблаггузории буҷавӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия. · Норасогии ҷойҳои кории доимӣ ва музди меҳнати нокифоя. · Номукаммал будани қонунгузории ҷамъоварии андозҳои иҷтимоӣ ва кишоварзӣ. · Норасогии нерўи барқ дар фасли зимистон дар водии Бартанг ва деҳаҳои Деҳ ва Шпад. · Истифода нагаштани сарчашмаҳои алтернативии энергия (энергияи офтоб, бод, биомасса ва ѓаӣра). |
Имкониятҳо | Хатарҳо ё душвориҳои дар пеш истода |
· Рушди бизнеси хурду миёна ва ташкили ҷойҳои кории нав.
· Ворид намудани технологияҳои нав ба ноҳия. · Бунёди корхонаҳои муштараки коркарди масолеҳи кишоварзию саноатӣ ва масолеҳи сохтмонӣ. · Ташкил намудани маркази логистикӣ дар ноҳия. · Таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия. · Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, бо мақсади ташкили корхонаҳои дорои технологияи муосири коркарди маҳсулот. · Бунёди минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ. · Истифодаи самараноки имкониятҳои коммуникатсионию транзитӣ. · Истифодаи дурусти захираҳои табиӣ. · Тараққӣ додани соҳаи кишоварзӣ (парвариши тухмиҳои хушсифат ва насли чорвои зотӣ, бунёди боѓҳои нав, ташкили гармхонаҳо), · Бунёди нуқтаҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла яхдонҳои саноатӣ. · Дастрас гардонидани воситаҳои қарзии дарозмуддат. · Бунёди НОБ-ҳои хурд бо истифода аз шароитҳои табиии маҳаллӣ. · Истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергия (қувваи офтоб, бод ва биотехнология). · Диверсификатсияи иқтидорҳои истеҳсолии мавҷудаи ноҳия. · Рушди бахши иҷтимоӣ ва бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ (варзишӣ, саӣёҳӣ ва фароѓатӣ). |
· Таъсири офатҳои табиӣ (обхезӣ, ҷола, хушксолӣ ва ѓайра). · Беқурбшавии пул · Ришваситонӣва иқтисодиёти монополистӣ. · Норасогии ҷоӣҳои корӣ, бо назардошти баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ. · Фоизи баланди қарзҳо. · Ҳолатҳои форс-маҷор. · Ба миён омадани низоъҳои сарҳадӣ. |