Дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳурияви »-и ноҳияи Рушони ВМКБ ба номи Карамшоев Д. оиди пешгирии вируси COVID-19, ки тамоми ҷаҳонро фаро гиирифтааст, дар асоси нақша-чорабиниҳои муассиса суҳбату вохӯриҳо бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ қариб ҳар рӯз гузаронида мешавад.
Таърихи 10 апрели соли равон бо духтури вилоятӣ Ҷамила Худоёрова ва директории маркази саломатии ноҳия Абдумамадова Садоқат суҳбати самимӣ дар мавзӯи пешгирӣ аз ин вируси вабои аср корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Сипас байни хонандагон саволу ҷавоб ташкил карда шуд, Тарбиятгирандагон аллакай аз бисёр роҳҳои пешгирӣ аз ин вирус огоҳӣ пайдо намуданд.
Инчунин аз ҷониби духтур Ҷамила Худоёрова ба муассиса ниқобу маҳлули тиббии антисептикӣ тақдим карда шуд, ки ин як амали хайрихоҳонае буд , ки дили ҳар як тарбиятгирандаро шоду масрур гардонид, зеро беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар ки хандонад ятими хастаро ,
Боз бинад ҷаннати дарбастаро.
Директори муассисаи таълимӣ Чоршанбиева Л.