WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17-уми апрели соли 2026, тахминан соати 00:50 дақиқа, дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Фархор 3 нафар қочоқбари афғон Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ гардид.

Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ду нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ нобуд карда шуд. Як нафар аъзои гурӯҳ аз торикии шаб истифода карда, ба самти Афғонистон фирор намуд.

Аз ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбари афғон, 2 адад силоҳи оташфишони автомати “Калашников”, ду тирдон бо 35 дона тири қутрашон 7.62, як адад камони шикорӣ ва ду борхалта бо 25 адад бастаи маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҶТ маводи дарёфтшуда воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиаш 25 килограммро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 195 қисми 2, 200 қисми 4, банди “д”, 289 қисми 3 ва 335 қисми 2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат қарор дорад.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон