WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Оинаи сафо Пайғоми Рушон

ТАБРИКНОМАИ НАВРЎЗИИ раиси ноҳияи Рӯшон Хоҷаназар ИМОМНАЗАР

Ҳамдиёрони азиз! Ќадами мубораки Наврӯзи оламафрӯзро, ки аз баробарии рӯзу шаб, зиндашавии табиат, фарорасии баҳори диловез ва оғози кишту кор мужда мерасонад, бароятон самимона шодбош мегӯям.
Соли ҳаштум аст, ки ин ҷашни ху-ҷастаи ниёгонамонро дар саросари киш-варҳои олам бо шукуҳи хоса таҷлил мекунанд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони як ќатор мамлакатҳои ҳавзаи Наврӯз Созмони Милали Мут- таҳид ќарор ќабул намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуда, рӯйи манзури таҷлили шоистаи он тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ шаванд.
Барои мо, тоҷикон, ин падидаи фараҳбахш боз аз он ҷиҳат боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки ҳазорсолаҳо инҷониб ниёгони ориёнажоди мо онро зинда нигоҳ дошта, бо тобишу шеваҳои тоза то замони мо оварда расонидаанд. Маросими таҷлили Наврӯзи Тоҷи-кистони азизамон дар ягон гӯшаи дунё, аз ҷумла, дар кишварҳои ҳамсояю ҳамза бонамон, ки бо онҳо таъриху фарҳанги муштарак дорем, вуьуд надорад.
Наврӯз айёми тамйизи аќлу ҳуш, ахлоќу одоб, покизакунии хонаву ҳавлӣ, боғу кӯча, зебову дилрабо гардондани атрофу акноф, вусъат додан корҳои ободонӣ аст. Мардуми кишварамон дар баробари дигар дастоварду арзишҳои миллӣ суннатҳои наврӯзиро, ки рамзи ваҳдату ҳамдилии миллат аст, пайгирона таблиғ мекунанд, бо нияти нек ва саъю кӯшиш ба амалҳои созандаву бунёдкорона даст мезананд.
Бо ташаббуси Пешвои миллатамон имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Ин ғамхории навбатии бесобиќа ва талоши пайгиронаи сарвари давлатамон низ бо маќсади беш аз пеш таҳкиму такомул ёфтани ҳувияти миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш муаррифӣ гардидани миллати куҳанбунёду тамаддунофарамон рӯйи кор омадааст.
Маќомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон рӯйи манзури таҷлили бошукуҳи Наврӯзи оламафрӯз силсилаи чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзиширо таҳия намуд, ки тибќи он дар идораву муассисаҳо ва маҳаллаву деҳоти ноҳия ин ҷашни бостониамон руҳафзову хотирмон таҷлил гардид.
Имсол барои мардуми мо соли махсус, соли рӯйдодҳои бузурги созанда: ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, аз ҷумла, ноҳияи мо, баргузории Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон, гиромидошти 21-солагии Ваҳдати миллӣ, 27-солагии Истиќлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим мебошад.
Боварию эътимоди мо бар он аст, ки кулли мардум шарифи ноҳияи Рӯшон дар ќатори дигар ҳамватанонашон ин ҷашну маъракаҳои муҳимро бо шевае барпо хоҳанд намуд, ки он омили сарҷамъӣ, ваҳдату якдилӣ ва осоишу ободии сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон мегардад.
НАВРЎЗАТОН ФИРЎЗ БОД !