WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Пайғоми Рушон

Рушон оянда дурахшон дорад

Ноҳияи Рушон замини бисёре дорад ва рушди кишоварзӣ дар он боиси баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум мешавад. Хабарнигорамон бо сардори бахши кишоварзии ноҳияи Рушон Гулаёз Ниёзов суҳбате орост.

 Суол: Муҳтарам Гулаёз Ниёзов, чи пешравист дар соҳаи кишоварзӣ тайи 29 сол Истиқлолияти давлатӣ?

 Посух: Бахши кишоварзии ноҳияи Рӯшон  дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гашт. Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали истиҳлолият барои соҳаи кишоварзӣ мушкилоти зиёде пеш овард. Сохтори совхозӣ пароканда шуда ва самти нави кори хоҷагӣ номаълум монд. Тухмиву коркарди заминҳо рӯй ба таназул кард ва хушбахтона, нимаи дуюми солҳои 90-ум шакли хоҷагидории деҳҳонӣ таъсис шуд ва мардум замин гирифт. Оҳиста-оҳиста кори хоҷагӣ самти навро соҳиб гашт ва рушд намуд.

Алҳол соҳаи кишоварзии ноҳия  фаъолияти худро дар асоси Консепсияи сиёсати аграрӣ ва талаботҳои таъмин намудани амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардондани Конспсияи сиёсати аграрии давлат, иҷрои Барномаҳои дарозмуддати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, корҳои ободонӣ ва созандагиро сармашқи кори худ намуда, нақшаи сохтори  кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2019  дар асоси пешниҳодҳои раисони ҷамоатҳои деҳот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия тартиб дод.

      Соли ҷорӣ 1595 гектар мавриди истифода қарор дода шудааст, ки аз он дар майдони 442 га ғалладона, аз он 233 гектар гандум, 39 гектар ҷав, 157 гектар лубиёгиҳо ва дигар намуди ғалладонагиҳо, 13 гектар ҷуворимакка барои дон, инчунин дар майдони 249,2 га картошка, 144 га сабзавот ва 156 гектар ришқаи холис кишт карда шуд. Майдони 603,8 гектар зери кишти зироатҳои хӯроки чорвои солҳои пеш банд аст. 

     Нисбати соли 2018 кишти ғалладонагиҳо  дар майдони  116 га, картошка 108 гектар камтар  ва сабзавот 18  зиёдтар  кишт шудааст.

      Майдони кишти  хӯроки чорво нисбати соли соли 2018 78,8 гектар зиёд шуда, 759,8 гектарро ташкил медиҳад.

     Нисбати нақшаи сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2019 майдони умумии кишт 16 гектар зиёдтар мебошад. Кишти ғалладонагиҳо 20 гектар, картошка 58,8 гектар камтар ва сабзавот 24 гектару хӯроки чорво 121,8 гектар зиёдтар мебошад. Чуноне, ки ҳисобот бармеояд, ки  47,7 дарсади заминҳои корами киштшуда хӯроки чорво кишт шудаанд.

   Суол: ҷамоати Савноб дурдаст аст ва кори хоҷагӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

Посух: Қайд кардан зарур  аст, ки  солҳои зиёде кишварзони ҷамоати Савноб ба мушкилоти зиёде дучор омаданд.  Бештари заминҳои он аз истифода баромаданд.  Масалан, Дар хоҷагии деҳқонии «Эҳёи Рошорв» аз сабаби норасоии об дар мавсими кишт майдони 75 гектар, хоҷагии деҳқонии «Ҳукуматшо» ҷиҳати таъмир нашудани ҷуйбор дар маввзеи Пализ майдони 5 гектар ва аз сабаби аз истифода баромадани ҷӯйбор дар мавзеи Остонрӯяи хоҷагии деҳқонии «Пасор» 1 гектар, умуман,  ҳамагӣ дар ҷамоати Савноб 81 гектар замини корам ба кишт фаро гирифта нашуд.

    Хушбахтона канали Рошорв дар охири моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода шуд ва ин имконият медиҳад, ки  минбаъд майдони 75 гектар дар боло қайдшуда боз ба гардиши кишоварзӣ дароварда шавад.

Аз сабаби тоза нашудани заҳбурҳо ва шӯршавии дар мавзеи Дашти Барзуд 2 гектар ва дашти Вамар 3 гектар замини корам кишт карда нашуданд ва ҳисмати зиёди заминҳо имрӯз ҳам ҳосили дилхоҳ намедиҳанд.Ҷиҳати паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар даштҳои Вомар ва Тагобҷангал 3 адад истгоҳи барқӣ васл карда шудаанд, ки онҳо бояд дар фасли тобистон сатҳи обҳои баландшударо паст кунанд, вале аз сабаби нархи баланди ҳаққи қувваи барқ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ ноимкон будани пардохти ҳаққи истифодаи ин истгоҳҳо онҳо иқтидори пурра  кор намекунанд. Бинобар ин агар заҳбуру заҳкашҳои ин мавзеъҳо тоза нашаванд ва насосҳо кор накунанд, он чун солҳои пешин ва имрӯз ба паст шудани ҳосилнокӣ ва пӯсидани зиратҳои киштшуда, оварда мерасонад. Дар деҳаҳои Барзуд, Вамд, Деҳрушон ва Баррушон заҳбурҳое мавҷуданд, ки дар мувозинати  хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд вале онҳо ҷиҳати камчинии маблағ аз ӯҳдаи тоза кардани ин заҳбурҳо намебароянд.

Майдони заминҳои аз истифодаи кишоварзӣ берунмонда, ҳамагӣ 83 гектар буда, 65,05 гектари он обӣ мебошад. Аз сабаби тоза нашудани заҳкашу заҳбурҳо таъмир нашудани каналҳо, ки барои иҷрои ин корҳо маблағҳои калон ва техникаи махсус лозим аст, ин заминҳо солҳои зиёд ба гардиши кишоварзӣ дохил намешаванд. Дар деҳаи Хуф  майдони 33 гектар ва Баҷув 15 гектар заминҳо дар баландии  зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр вокеъ буда, ҳамчун заминҳои боир ба қайд гирифта шудаанд, вале аз сабаби дар солҳои нисбатан хунук аз ин заминҳо ҳатто аз ҷави киштшуда ҳосил намерӯяд, истифода бурда намешаванд.

Суол: Аксари заминҳои ноҳия техникабоб ҳастанд. 

       Посух: Бале. Техника дар соҳаи кишоварзии ноҳия хеле хуб истифода мешавад.Дар ноҳия 32 трактори шудгоркунанда бо олоти зарурии кишт (32 испор, 14 ҷӯякзан, 5 ҷӯйкан, 20 ядак, 5 кулухмайдакунак, 2 адад боронаи тамғаи БДТ – 3,0, 20 адад боронаи БП – 12) истифода карда мешаванд.

       Аз ин миқдор техника 6 адад ба Маркази хизматрасонии техники ноҳия таалуқ доранд. Инчунини 320 сар барзагови корӣ бо 160 юғу испор барои гузарондани кишт дар заминҳои конфигуратсияи вазниндошта ва хоҷагиҳои баланкӯҳ мавриди истифода ҳарор доранд.

        Соли ҷорӣ ҷиҳати сабук гардондани корҳои кишоварзӣ ва иҷрои саривақтии онҳо аз ҷониби БҶИИМК- и хазинаи Оғохон барои деҳқонони Ҷамоатҳои деҳоти Бартанг  ва Басид як адад трактори тамғаи МТЗ – 82  бо испор тариқи ройгон дастрас карда шуд.

Суол: Дар масъали таъминот бо тухмии аълосифат ва дастарсии кишоварзон ба нуриҳои минералӣ чӣ гуфтанӣ доред?

Посух: Таъминот бо тухмии картошка дар ноҳия соли ҷорӣ хуб ба роҳ монда шуд. Бар замми тухмии мавҷудаи  хоҷагиҳо  аз тарафи соҳибкорон  81 тонна тухмӣ ворид карда шуда, кишт карда шуд.

Бо маблағгузории  БҶИИМК барои хоҷагиҳои ҷамоати Савноб 26 тонна картошкаи дар  сардхонаҳои деҳаҳои Ғудара ва Рошорв нигоҳдошташуда ва илова бар он ҷиҳати иҷрои «Барномаи дастрасӣ ба озуқаи солим» боз 10 тонна тухмии картошка дастрас шуда, шинонда шуд.

Мувофиқи дархости деҳконони ҷамоатҳои деҳоти Пастхуф ба миқдори 2 тонна ва Рушон ба миқдори 22 тонна тухмии картошкаи навъи «Аладдин» бо маблағгузории БҶИИМК аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ворид карда шуд.

         Нуриҳои минералӣ аз тарафи соҳибкорони ноҳия мувофиқи имконият дастрас гардида, ба деҳқонон пешкаш карда шуд. Аз  ҷониби соҳибкорон ба ноҳия 86  тонна нуриҳои маъданӣ аз он 40 тонна аммофос, 40 тонна карбамид ва 6 тонна селитра ворид карда шуд, ва  аз 25000 тонна нуриҳои органикӣ (пору) барои кишт истифода карда шуд.

Илова бар ин барои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Савноб дар доираи «Барномаи дастрасӣ ба озуқаи солим» 31 тонна нурӣ тариқи ройгон тақсим карда шуд.

   Соли равон  дар ноҳияи Рушон дар майдони 8,81 гектар боғҳои нав бунёд карда шуда, 17,2 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шуданд. Ин боғҳои дар Ҷамоати деҳоти  М  Абдулвасиев -0,35 , га, Н Додхудоев – 6,33 га, Рушон – 1,52 га, Пастхуф – 0,36 га ва Бартанг – 0,25 га  бунёд карда шудаанд.

   Ҷиҳати таъмини боғҳои бунёдшуда ва барқароркардашуда ба ноҳия ниҳолҳои дарахтони серҳосили навъҳои бозорписанд аз ҳисоби ниҳолҳои дар ниҳолхонаҳои ноҳия парваришшуда ва аз  ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ноҳияи Ваҳдат дастрас шуда, шинонда шуданд. Парвариш  ва сабзиши ниҳолҳо хуб буда, 80 фоизро ташкил дода истодааст. Боғҳои  нави Фармонбеков С, Муродмамадов Р дар деҳаи Барзуд, Гулосмамадов Н дар деҳаи Емс ва Минаков К дар деҳаи Пастхуф бо симтур иҳота карда шудаанд.

     Барои таъмини аҳолии ноҳия бо ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи бозорписанд ва серҳосил ду маротиба – рӯзи 21 март дар деҳаи Барушон ва 5 апрел дар назди бозори марказии ноҳия ярмаркаи фурӯши ниҳол ташкил карда шуд.

       Боғҳои интенсивӣ дар ноҳия бунёд карда нашудаанд.  Сабаби асосӣ ин қимат будани нархи ниҳолҳои ин намуди боғпарварӣ мебошад.

         Дар соҳаи растанипарварӣ дар ноҳия «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», амалӣ гашта истодаанд ва баҳри иҷрои онҳо аз ҷониби  кишоварзон корҳои муайян ба сомон расонда шуда истодаанд.

Суол: Ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини бозори худӣ ва шаҳри Хоруғ ба ҳосили ҷамъовардаи кишоварзони Рушон вобаста аст.

Посух: Оре. Ба ҳамин сабаб сол ба сол кишоварзони ноҳия майдон сабхавотро зиёд мекунанд ва дар солҳои охир сабзавоти барвақтӣ ҳам тавҷҷуҳи кишоварзонро ба худ кашидааст.

Барои парвариши ниҳолҳои кӯчатии сабзавот дар хоҷагиҳои шахсӣ ва деҳқонии ноҳия,  кишти зери плёнкаи тухмии сабзавот дар масоҳати 11261  метри квадратӣ гузаронда шуд, ки ин боиси зиёд шудани майдони кишти сабзавот гардид.

      Дар марҳилаи ҳозира  як гармхона дар деҳаи Хуф, 1 гармхона дар деҳаи Пастхуф, се гармхона дар деҳаи Рушон дар масоҳати 400 метри квадратӣ аз ҷониби Давлатмамадов Ҳамдам, 600 метри квадратӣ дар деҳаи Емс соҳибкор Маҷидов П, як гармхона дар деҳаи Нисур шаҳрванд Ҷумъаев ва  гулхона дар деҳаи   Дерушон  (Қадаменова Г) амал намуда, онҳо савдои кабудӣ, бодиринг ва  ниҳоли гулро ба роҳ мондаанд.

Гармхонаҳои солҳои қаблӣ бо маблағгузории БИИМҶТ-и Хазинаи Оғохон дар деҳаҳои Шипад, Деҳ, Вознавд, Шидз, Барушон, Пастбаҷув, Савноб, Рухч, Пасор ва  Бопасор гармхонаҳо бо масоҳати ҳар якеашон 20 м2 сохта шуда,ки  ба ташкилотҳои деҳотӣ барои истеҳсоли маҳсулоти барвақтии сабзавот ва кабудӣ вобаст карда шуданд.

Суол: Боғдорӣ  дар кадом сатҳ қарор дорад?

Посух: Дар давраи гузаронидани мавсими ободонӣ ва кабудизоркунии маҳаллҳои аҳолининишин барои соли 2019 ҳамагӣ 60 , 1 ҳазор бех ниҳол аз ҷумла 6 ,02 ҳазор бех дарахтони мевадиҳанда, 103  бех дарахтони ороишӣ  54,01 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан лаб-лаби сою заҳбурҳо ва шафати роҳҳои автомобилгард шинонда шуданд.     Дар майдони 8,4 ҳазор м2  гулзор,  гармхонаҳо  1200 м2,  0,29 га  ниҳолхонаҳо, 8,81 га боғҳои нав бунёд гардида, 10,14 га боғҳои кӯҳна ва 11,06 га ҷангалзорҳо барқарор карда мешаванд.

Дар ноҳия ҳамаги 9 ниҳолхона ба масоҳати умумии 0,5 га аз ҷумла дар деҳаи Шуҷанд 0,03 га, Пастхуф 0,06 га, Даржомч 0,03 га, Хиҷез 0,3 га, Басид 0,02 га, Барзуд 0,04 га мавҷуд мебошад. Дар соли 2018 дар асоси нақшаи сохтори кишт бунёди 0,02 гектар  ниҳолхонаҳои нав дар Ҷамоатҳои деҳоти Н. Додхудоев, Рушон ва Пастхуф бунёд шуданд.

Суол: Барои пурра ба кишт намудани заминҳо ноҳия чӣ мамоният мешавад?

Посух: Дар ҷамоати деҳоти Рушон 7 гектар заминҳои боир ба қайд гирифта шудаанд, ки 5 гектари он дар мавзеи Лалми деҳаи Емс ва 2 гектари дигар дар мавзеи Седи деҳаи Бағу воқеъ мебошанд. Таъмири ҷӯйбори мавзеи Лалм метавонад 2 гектар майдони заминро обёрӣ кунад ва ин миқдори замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шавад. Ҷӯйбори мавзеи Сед дар натиҷаи фаромадани сел соли 2002 аз истифода баромад. Дар Ҷамоати деҳоти М Абдулвасиев дар мавзеи Индаршопи хоҷагии деҳқонии «Вознавд» майдони 4 гектар замини корами обӣ аз сабаби дар натиҷаи фаромадани сел ва тарма, 250 метр қубури оҳанин из истифода баромад ва таъмини ин мавзеъ аз об дар давраи обмонӣ ғайриимкон гардидааст. Бо   дастрас намудани 250 метр қубури полиэтилении қутраш 150 мм метавонем ин заминҳоро аз нав ба гардиши кишоварзӣ дарорем.

Инчунин барои хоҷагиҳои деҳқонии «Вознавд» барои азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Лалм 250 метр қубури қутраш 100 мм ва барои таъмири ҷӯйбори мавзеи Дивлохи хоҷагии деҳқонии «Муминшо» 200 кг семент лозим аст.

Дар баробари ин  истифодаи заминҳои киштбоб дар хоҷагиҳои деҳқонии «Рушон», «Барзуд -5» ва А Музофир-шоев дар сатҳи пасти агротехникӣ қарор дорад. Қисме аз  заминҳо аз сабаби аз ҳудуди ноҳия кӯч бастани соҳибонашон аз кишт берун мондаанд ё ба хешу таборашон вобаст шудаанд ва сифати истифодабарии онҳо хуб нест. Қайд кардан зарур аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани зиёда аз 9000 нафар одамони қобили кор ба коркард ва истифодаи мақсадноки заминҳои корам таъсири манфии худро расонда истодааст.

         Кумитаи заминсозии ноҳия бояд дар пешгирӣ намудани вайронкунии қонунгузории истифодаи замин дар мавсими кишту кори баҳории соли ҷорӣ диққати зарурӣ диҳад, то ки ҳамаи заминҳои мавҷудаи кишоварзӣ ба кишт фаро гирифта шаванд ва он барои иҷрои нақшаи кишти баҳорӣ мусоидат хоҳад намуд.

     Дар ноҳия Ситоди доимамалкунандаи кишоварзӣ таҳти сарварии муовини якуми раиси ноҳия ташкил карда шудааст ва дар маҷлисҳои он масъалаҳои ҷории  ҳолати кишт, нигоҳубин ва ҷамъоварии ҳосил муҳокима шуда, оиди рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

     Суол: Соҳаи чорводорӣ ва равнақи он аз диди шумо?

Посух: Дар соҳаи чорводорӣ бошад  1664,5 сентнер гӯшт , 7286 сентнер шир, 150 сентнер пашм, 18 сентнер асал, 890  ҳазор дона тухм, пӯсти шохдори калон 1225 дона ва пӯсти моли майда 10709 дона истеҳсол шуда, насли гӯсола 2074 сар, насли барраю бузғола 11429 сар гирифта шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 сентнер гӯшт , 316 сентнер шир, 17 сентнер пашм,3  сентнер асал ва 58  ҳазор дона тухм, 4 сентнер гӯшти моҳӣ зиёдтар  истеҳсол шуда, 41 сар гӯсола, 811 сар барраю бузғола зиёдтар насл гирифта шудааст. Дар давраи ҳисобот 1225  сар ҳайвони шохдори калон бо вазни зиндаи миёнаи ҳар як сар 175 киллограммӣ, 10709 сар моли майда бо вазни зиндаи  миёнаи ҳар як сар 22 киллограммӣ забҳ карда шуда, ба гӯшт супорида шуданд.

      Талафи ҳайвони шохдори калон дар хоҷагиҳои деҳқонии фермерии «Рошорв» ва «Эҳёи Рошорв» 30 сарро ташкил дод.

        Саршумори ҳайвони шохдори калон ба 11812 сар аз он модагов 3916 сар, моли майда ба 43285 сар аз он зоён 21203 сар, парранда ба 19700 сар аз он мокиён 16800 сар, оилаи занбӯри асал ба 461 расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли пешин 299  сар  ҳайвони шохдори калон, 61 сар модагов,  128 сар моли майда, 1593 сар моли майдаи зоён, 104 сар мокиён зиёд ва саршумори умсумии парранда 300  сар кам шудааст.

    Ҷиҳати   иҷрои қарори раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8 июни соли 2018, № 172 «Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, № 160 «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2022»  як қатор корҳоро ба сомон расонда шуданд.  

     Дар  асоси қарори дар боло зикршуда аз 5 июли соли 2018 бо рақами 327 қарори раиси ноҳияи Рӯшон ба тасвиб расид.                                  

    Дар ноҳияи Рушон аҳолӣ асосан ба парвариши чорво машғуланд.  Саршумори асосии чорво дар ноҳия дар бахши хусусӣ (аҳолӣ) парвариш ёфта истодаанд.

Саршумори чорво дар солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст, вале маҳсулнокии он ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Ҷиҳати зиёд шудани саршумори чорво майдони кишти хӯроки чорво ба 668,2 гектар расонда шуд, ки 42 %-и заминҳои киштбобро ташкил медиҳад. Илова бар ин майдони 21636 гектар чарогоҳҳои ноҳияи Рушон ва 4849 гектар чарогоҳҳои мавзеи Ақташ барои рушди соҳаи чорводорӣ истифода мешавад.

        Рушди  соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. 

       Дар ноҳия як нуқтаи бордоркунии сунъии чорво кушода шудааст, вале фаъолияти он ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Нуқтаи мазкур аз мутахассис ва нутфаю азот сари вақт таъмин намегардад. Дар давраи фаъолияти он тариқи бордоркунии сунъӣ ягон гӯсола насл гирифта нашудааст.

       Саршумори ҳайвони шохдори калони хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ аз 100 сар зиёд нест. Чорвои  зотҳои сермаҳсул, ки дар давраи шуравӣ ба ноҳия овардашуда аз сабаби риоя нашудани парвариши онҳо бо зотҳои каммаҳсули ҷойдорӣ дурага шудаанд.

        Буққаҳои наслдеҳи зотҳои сермаҳсули чорво ба ноҳия оварда нашудаанд. Солҳои  қаблӣ аз ҷониби БҶИИМК-и Хазинаи Оғохон ба ноҳия буққаи наслдиҳанда оварда шуда буд, вале бо сабаби номаълум фермаи  бо нияти хушзоткунии чорво дар деҳаи Барушон сохташуда, хусусӣ гардонда шуд ва чорвои зотӣ ба фурӯш рафт.

       Соҳибкорон Саидхонов Мансурхон бо нияти ташкили фермаи чорвои шохдори калони хушзоту сермаҳсул барои 50 сар модагов ва Чоршанбиев Хушвахт сарвари хоҷагии деҳқонии « Мақон» бо нияти ташкили фермаи чорвои ҳайвоноти хушзоту сермаҳсул барои 20  сар модагов ва 30 сар моли майда (гӯсфанди зоти тоҷикӣ) нақша бизнес таҳия намуда, барои маблағгузорӣ ба сохторҳои  давлатӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ пешниҳод кардааст, аммо то ҳозир ин масъала ҳалли худро наёфта истодааст.

       Чоршанбиев Хушвахт фермаи чорвои ҳайвони шохдори калонро ташкил кардааст ва дар он 13 сар  парвариш ёфта истодаанд.

      Ҷиҳати афзун намудани саршумори  чорвои хушзоту сермаҳсул аз ҷониби  соҳибкор Чоршанбиева Ҳалима нақша бизнес оиди ташкили фермаи бузҳои зоти олтоӣ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва дар соли ҷорӣ ин масъала ҳалли худро хоҳад ёфт. Ин  нақша – бизнес таваҷҷуҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро ҷалб намудааст ва масъаларо мавриди омӯзиши қарор дод. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон нияти ташкили гуруҳи селексионии барқарорсозии саршумори бузҳои зотҳои сермаҳсул (ангорӣ ва олтоӣ)- ро дар ноҳия дорад.

    Аз ҷониби шахсони алоҳида то 250 сар гусфанди зоти тоҷикӣ аз вилояти Хатлон ба ноҳия оварда шуда, парвариш ёфта истодаанд. Ин иқдом ба зиёд шудани маҳсулнокии моли майда расонда метавонад.

          Соҳаи қутоспарварӣ дар ноҳия ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Дар ноҳия се хоҷагии махсуси қутоспарварӣ ва се хоҷагии деҳконии ба соҳаи мазкур машғул фаъолият карда истодаанд. Дар ин хоҷагиҳо 684 сар қутос парвариш ёфта истодаанд. Инчунин 190 сар қутос дар хоҷагиҳои шахсӣ мавҷуданд. Ҳамагӣ дар ноҳия 874 сар қутос аз он 270 сар модагов парвариш ёфта истодаанд. Ба ҳолати 1 июл хоҷагиҳои қутоспарварии  ноҳия 82 сентнер гӯшт ва 4 сентнер шир истеҳсол  карда, 96 сар гӯсола насл гирифтанд.  Дар ин хоҷагиҳо  15 нафар чорводор бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудаанд. Саршумори асосии чорво дар чарогоҳҳои мавзеи Ақташ парвариш ёфта истодаанд.

Суол: Паррандапарварӣ ҳам як соҳаи сердаромад ва ноҳияи Рушон мусоидтарин мавзе барои рушди он ба ҳисоб меравад.

Посух: Бале.Ба соҳаи паррандапарварӣ дар ноҳия солҳои охир таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Дар ноҳия як фермаи паррандапарварӣ дар деҳаи Барушон фаъолият дорад. Дар ин ферма 350 сар парранда парвариш ёфта истодааст. Саршумори мокиён дар ин ферма 280  сар, мурғи марҷон 26 сар ва ғоз 2 сарро ташкил медиҳад.

     Сохтмони фермаи паррандапарварии деҳаи Шуҷанд аз ҷониби соҳибкор Некпаев Амон ба итмом расонда шуд ва имсол  аз вилояти Суғд 500 сар парранда барои парвариш ба ин ферма дастрас карда мешаванд.

       Сохтмони фермаи паррандапарварии деҳаи Деҳ аз ҷониби соҳибкор  Ёқубов Рустам барои парвариши 200 сар мурғ оғоз гардид ва дар соли 2019 мавриди истифода қарор  додани он дар назар аст.

     Ба соҳибкор Раҳимбекова Равшанбегим барои бунёди фермаи мурғпарварӣ маблағи 20000 сомонӣ гранти президентӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шуд ва дар соли 2019 фермаи паррандапарварии барои парвариши 200 сар парранда

сохта ба истифода дода мешавад.

Суол: Оё Рушон имконияти рушди моҳипарвариро дорад?

   Посух: Бале.Бо қарори раиси ноҳия 5 хоҷагии деҳқонии самти моҳипарварӣ ташкил шудаанд, вале дутои онҳо фаъолият доранд. Хоҷагии деҳқонии «Ҷамшед» ва Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии «Осман» дар маҷмӯъ  6,4 гектар кӯл дар ихтиёри худ доранд.  Дар соли 2018 ин хоҷагиҳо 6,8 тонна моҳии молӣ сайд намуда, ба фурӯш баровардаанд. Ҳамагӣ дар кӯлҳои ин хоҷагиҳо 1,36 млн кирмина, моҳича ва моҳии молии намудҳои зағорамоҳӣ пешонағафси сафед, амури сафед, карас ва моҳиҳои намудҳои ҷойдорӣ парвариш ёфта истодаанд.  Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии «Осман» соли ҷорӣ бо сарфи 25000 сомонӣ дар масоҳати 0,72 гектар кӯли навро сохта ба истифода дод. Фаъолияти хоҷагии моҳипарварии «Ҷамшед» сол то сол дар самти моҳипарварӣ суст шуда истодааст. Роҳбарияти ин хоҷагӣ ба парвариши моҳичаҳои мавҷуда ва таъмини онҳо бо хӯрока мушкилӣ дорад. Ҳарчанд  дар ин хоҷагӣ майдони 8 гектар замин зери кишти хӯроки чорво банд бошад, аз ҳосили гирифташуда, барои хӯроки моҳӣ ягон килограмм сарф намешавад. Дар ин хоҷагиҳо кӯлҳо барои зимистогузаронии моҳичаҳо сохта шудаанд.

     Хоҷагиҳои  Зарифбеков А дар мавзеи Чавнроб,  Шарифов Худоназар дар маввзеи сарҳади деҳаи Рушон, Паллаев Хишол дар деҳаи Пастхуф, Улфатшоев Улфатшо дар деҳаи Даржомч ва Азизбеков Асадбек  ба фаъолият оғоз намудаанд.  Ба қисме аз ин хоҷагиҳо барои оғози кор аз ҷониби Азизмамадов Мансур аз 500 то 1000 моҳича тариқи ройгон дода шудааст. Ин хоҷагӣ ба ноҳияҳои вилоят ба миқдори 3500 моҳича додаст.  

      Ба хоҷагии моҳипарварии «Осман» соли ҷорӣ низ аз ҷониби КВД «Моҳии Тоҷикистон»-и  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10000 моҳиҷа аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷудо карда шуд ва дастрас карда шуд. Ин соҳа дар ноҳия ояндаи хуб дорад вале он ба дастгирӣ ниёз дорад. Бо истифода аз имкониятҳои кӯли Сарез мо метавонем бо гӯшти моҳӣ пурра таъмин шавем ва берун аз бозори ноҳия маҳсулот барорем.

 Суол: Нақшаҳои шумо?

Посух: Кӯшишҳо ба харҷ додан лозим, ки соҳаи кишоварзиро ба дараҷаи даврони Шӯравӣ расонем. То хоҷагиҳои деҳҳонӣ худро ба пуррагӣ таъмин карда тавонанд. Зеро Рушонмаконест, ки метавонад бо маҳсулоти кишоварзӣ, меваву сабсавоташ на танҳо ноҳия балки тамоми вилоятро таъмин намояд. Барои ин замину боғи худро бояд ба таври хуб истифода барем.

Ташаккур.Мусоҳиб Мамадалӣ Бахтиёров

На ба мансаб бувад баландии мард,

        Балки мансаб шавад аз мард баланд.

Кору мансаб худ чизе нест, агар шахс дар сари он набошад. Чун кас ба кору амали хеш бо диди тоза назар андозад, ҳар амал рушд меёбад ва бузургон низ инро хеле хуб зикр кардаанд:

На ба мансаб бувад баландии мард,

Балки мансаб шавад аз мард баланд.

Қурбоншо Давлатмамадов як марди баору номус аст, ки дар ҳар вазифа навовариеро эҳё мекунад. Дасташ ба кор одат карда ва шаш моҳ қабл вайро сардори Корхонаи фаръии хоҷагии коммуналии ноҳияи Рӯшон таъин намуданд. То ба сари вазифа омаданаш маркази ноҳия ба ҳолати пешинаи худ, дар ҳоли нотағйир монда буд. Бо омаданаш сари мансаб аз рӯзҳои аввал навгониҳо пеш бинанда мерасиданд. Аз аввали баҳор қад-қади роҳи мошинагард, лаб-лаби сойи Вомардара, назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаҳо гулҳои рангоранг пайдо шуданд ва муҳимтар аз ҳама гуруҳи бонувон-кормандони корхонаи хоҷагии коммуналӣ ба парвариши гулҳо вобаст шуда, ҳар рӯз ба хишоваву обмонии онҳо саркор доранд.

Кӯчаву паскӯчаҳои маркази ноҳия тозаву озода, дарахтони ҳамешасабз ба маркази ноҳия ҳусни наве бахшиданд. Роҳи мошинагарди марказӣ ва кӯчаҳои Хуҷам Шодмонов, Санговак, Лангар ва майдони ҳавоӣ асфалтпӯшу чароғон гардиданд.

Шаш моҳи кори Қурбоншо Давлатмамадов самарае хубе дод ва маркази ноҳия куллан тағир ёфт. Шабонгоҳ кӯчаву пасткӯчаҳои шаҳраки Вомар равшан ва роҳатбоб. Сайру гашти бегоҳонаи мардум дар кӯчаҳо боиси тамошо гашт.

-Мо,- гуфт Қурбоншо Давлатмамадов,- дар назар ҳамаи кормандони корхона, ба вазифаи дар пешамон гузошта муносибатамонро тағйир додем. Ҳисси масъулияти онҳоро бедор карда тавонистам. Қаблан аз ҳоли ҳар корманд шинос шудам, аҳволи хонаводагӣ, шароити зист ва роҳату истироҳати онҳо пурсон шудам. Ҷумла аз баъзе тарафҳои зиндагӣ шикоят карданд. Ваъда додам, ки кӯмакашон хоҳем кард. Ваъдахилофӣ накардем. То ҳадде ба ҳар корманд ёрдами ночизи корхона расонда шуд.

Ҳамин буд, ки дили кормандон ба вазифаи ҷониашон гарм гардид ва кор ба низом даромад.

Дар кӯчаҳои маркази ноҳия  4200 бех гулҳои рангоранг шинондем, ки барои хариди онҳо дар маҷмуъ 15000 сомониро сарф шуд. 100 дона арча бо 2500 сомонӣ низ харида шуда ба ноҳия овардем ва қад-қади кӯчаи маркази шинондем. Хушбахтона, нашъунамои онҳо хуб аст. Барои аз чорвои хоҷагиҳо ниҳолу гулҳоро эҳтиёт кардан, бо аҳолии маркази ноҳия суҳбатҳо гузаронида, онҳоро рози кунондем, ки гову гӯсолаҳояшонро тариқи роҳи марказӣ ба чаро набаранд.

Барои аз ахлот тоза намудани маркази ноҳия 50 қутии майдаро дар назди мағозаҳо, идораву муассисаҳо ва 8 адад қутии калони ахлотпарторо бо маблағи умумии 15,5 ҳазор сомонӣ сохта, дар назди хонаҳои истиқоматӣ барои шаҳрвандони ноҳия шинондем, ки вақт андар вақт тоза карда мешаванд. Бо пайдошавии кутиҳои ахлотпарто маркази ноҳия тоза гардид.

Роҳи пиёдагарди ноҳия ҳам ба таъмир низ дошт ва ба ҳолати имрӯз ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири роҳро пиёда кардем ва алҳол кори дома дорад. Ният дорем, ки аз даромадгоҳи маркази ноҳия- интернати ҷумҳуриявӣ то марказ роҳи пиёдагардро сохта ба истифода диҳем.

Хушбахтона, аз тарафи Дирексияи сохтмони роҳи назди Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мошинагарди маркази ноҳия аз таъмир гардид ва тибқи иттилои онҳо барои ин кор 6 миллион сомонӣ масраф шуд. Насиб бошад то охири сол хатҳо ва аломатҳои роҳро низ насб карда, ҳаракат дар роҳи мошинагардро дар низоми муайян дароварем.

Кӯмаки корхонаи мо дар тӯли ин шаш моҳ ба ҷамоатҳои деҳот низ расид. Аз даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон- деҳаи Шипад то маркази ноҳия ҳамаи васоити аёният қад-қади роҳи мошинагард бо кӯмаки корхонаи мо аз нав  карда шуд.

Дар мавзеи Санговаки маркази ноҳия бо дастгирии корхонаи мо майдончаи варзишӣ арзи вуҷуд кард, ки он ба истироҳату тарбияи бадани ҷавонону наврасон хизмати хуберо адо хоҳад кард.

Оре, Маркази ноҳия таҳти сарварии сардори нави Корхонаи фаръии хизмати коммуналӣ ҳусни наверо касб кардаву ободу зебо гаштааст, ки ҳар бинанда аз тамошояш серӣ надорад.

Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон