WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Пайғоми Рушон

ТАЪМИРИ РОҲ БОСИФАТ АСТ

Роҳи автомобилгарди аҳамияти байнахалқии ҳудуди ноҳияи Рӯшон, ки 93 километрро ташкил медиҳад, солҳои пеш асфалтпӯш шуда буд ва бо мурури замон фарсудаву
корношиям гардидааст. Ин боиси мушкилоти ронандагон ва кашонидани борҳои ниёзи мардум мешавад. МНДРА-и ноҳияи Рӯшон тасмим гирифт, ки роҳҳои қаламрави ноҳияро аз таъмир бароварад. Барои ҳамин,– мегӯяд
Фаромӯз Охонлаълов, корманди МНДРА,- соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 тонна солярка ба маблағи 73 ҳазор сомонӣ барои муассисаи нигоҳдории роҳҳои афтомобилгарди ноҳия ҷудо гардид. Бо он таъмири капиталии 15 километр роҳи автомобилгардро дар Ҷамоати деҳоти ба номи М. Абдулвосиев оғоз карданд.
Алҳол дар мавзеи Санобод- Шидз бо техникаи ҳадякардаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мошингардро аз таъмири капиталӣ бароварда истодаанд.
Роҳи мошинагард баъди таъмир ҳақиқатан ҳам ҳолати хубро касб мекунад ва боиси роҳати мусофирону мошинҳои калони боркаш мегардад.
«Пайѓоми Рўшон»