WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Ахбор

ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ» дар ноҳия ҷамъбаст гардид

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳия рӯзи 18-уми  июл даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии китобхони беҳтарин таҳти унвони  «Фурӯғи субҳи доноӣ»  анҷом ёфт.

40 нафар довталабон аз   ҷамоатҳои Басид, Бартанг,  Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додхудоев ва Муъминшо Абдулвасиев маҳорату дониши худро  аз  рӯйи  4  номинатсия мавриди озмоиши доварон қарор доданд.

Барандагони ҷойи аввал инҳо шуданд:

Дилангези Ҷумъахон-шогирди синфи 10, МТМУ №24 —    азёд кардану хондани осори адибони  классики  форсу тоҷик.

Анисаи Назармамад–шогирд исинфи 10, МТМУ №10 – азёд кардани осори адибони муосири тоҷик.

Давлатбеков Нуриддин – шогирди синфи 5, МТМУ №2 – азёд  кардану  хондани ашъори бачагона, афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик.

Дилнозаи Нуриддин – шогирди  МТМУ №10 – азёд кардану хондани осори адабиёти тоҷик

Муовини раиси ноҳия Заррина Абдулмаинова   аз   номи раиси ноҳия  ба барандагони ҷойи якум 500 сомонӣ,  ҷойи дуюм  350  сомонӣ ва ҷойи саввум  200  сомонӣ тақдим намуд. Ҳамаи иштирокдорони озмун, инчунин,  бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.

Ғолибони озмун   дар даври вилоятӣ,  ки нимаи дуюми моҳи ноябр  дар   шаҳри Хоруғ баргузор мегардад,  иштирок мекунанд.