WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ҷавонон

Сафари кории ҷавонон ба водии зебоманзари Бартанг

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон  аз санаи 06 то 11 июли соли равон, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон ва гузаронидани суҳбату вохуриҳо бо ҷавонону варзишгарони ҷамоатҳои дурдасти ноҳия – ҷамоатҳои деҳоти Бартанг, Басид ва Савноб тасмим гирифт, ки ба ин водии зебоманзар сафари корӣ анҷом доданд. Гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон, варзишгарон, сарояндагон ва ҷавонони фаъоли ноҳия дар деҳаҳои ҷамоатҳои Водии Бартанг суҳбату вохириҳо оиди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди  бемориҳои ВНМО-БПНМ, ҷалби бештари ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, омодагӣ ба интихобот, дурӣ ҷустан аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, маҳфили адибони наврас ва китобхони беҳтарин, шоми ҷавонӣ ва инчунини дигар мусобиқаҳои варзишӣ аз намудиди волейбол, шоҳмот ва варзиши сабук ташкил намуда, дар охири сафари корӣ аз кули афсонавии Сарез дидан намуданд.

Дар доираи сафари кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон ба водии Бартанг санаи 06 июл, бо чавонон ва варзишгарони ҷамоатҳои деҳоти Бартанг ва Басид оиди масъалаҳои дар боло зикргардида вохурӣ анҷом дода, оиди беҳтар намудани фаъолияти кории ҷавонон дар ҷамоатҳои дурдасти ноҳия суҳбат намуданд. Дар охири вохурӣ барои ҷавонони фаъол, барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ифтихорномаҳо ва барои варзишгарон лавозимотҳои варзишӣ аз қабили туб ва шоҳмот тақдим гардид.  

Дар деҳаи Ғудара, ки деҳаи дурдасттарин аҳолинишини ноҳияи Рушон ба шумор меравад, мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон як қатор чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ва фарҳангиву варзишӣ баргузор намуданд. Дар нимаи аввали рӯзи 07 июл дар дохили бинои МТМУ №34 деҳаи Ғудара бо ҷавонон, варзишгарон, омӯзгорон ва аҳолии деҳа суҳбати самимӣ оиди масъалаҳои муҳими фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон, тарғиби волонтёрӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷиву илмҳои дақиқ  доир гардида, дар охири мулоқот барои ҷавонони фаъол ифтихорномаҳо ва барои варзишгарон лавозимотҳои варзишӣ тақдим гардиданд. Баъди мулоқот бо ҷавонон дар китобхонаи муассисаи мазкур маҳфили адибони наврас ва озмуни китобхони беҳтарин бо мақсади ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба навиштани шеъру суруд ва китобхонӣ баргузор гардид, ки дар он наврасон ва аъзоёни китобхона иштирок намуда аз худ маҳорати баланди эъҷодиро нишон доданд. Дар охири маҳфил барои иштирокдорон баҳри ҳавасманд намудан ва иштироки фаъолонаашон ифтихорномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия тақдим гардид.

Дар нимаи дуюми рузи 07 июл дар майдончаи варзишии деҳаи Ғудара байни ҷавонони маркази ноҳия ва деҳаи номбурда, бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани дустиву ваҳдат байни наврасону ҷавонон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол ташкил гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи волейболбозони Ғудара дастболо гардида, соҳиби ифтихорнома ва мукофоти пулӣ аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гардиданд.  Пас аз анҷоми ин мусобиқа бо мақсади ташвиқу тарғиби шоҳмот ва ҷамъбаст  намудани марҳилаи интихобии I – уми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот”  мусобиқаи варзишӣ аз намуди шоҳмот байни наврасону ҷавонон ва калонсолони деҳа доир гардид. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи мазкур низ бо ифтихорномаҳои бахш ва инчунини дигар бо 2 адад тахтаи шоҳмот қадрдонӣ гардиданд.

Дар доираи сафари корӣ ба водии Бартан барои ҷавонони деҳаҳои Пасор, Савноб ва Барчедиф низ бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш, лавозимотҳои варзишӣ аз қабили тӯби волейбол ва шоҳмот  ҳадя  гардид. Пас аз анҷоми суҳбату вохурӣ бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Савноб, гурӯҳи корӣ давоми ду рӯз аз зебогии кули афсонавии Сарез – “Ганҷи нуҳуфта” ҳаловат бурда санаи 11 июли соли равон ба маркази ноҳия баргаштанд.