4 июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон вохӯрии кормандони раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ бо соҳибкорони ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ, инчунин, роҳбарони баъзе идораву муассисаҳои дахлдори ноҳия ширкат доштанд.
Раиси ноҳия Додхудоев Фаррух зимни ифтитоҳи вохӯрӣ мақсаду моҳияти чорабиниро ба ҳозирон маълум кард.
Масъалаи эмин нигоҳ доштани бозори истеъмолии кишвар аз воридшавии маҳсулоти пастсифат дар Паёми Пешвои миллат (22 декабри соли 2017) ба таври ҷиддӣ баррас гардида, таъкид шуд, ки мақомоти ваколатдор бояд дар роҳи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чора таъхирнопазир андешида, дар ин самт, инчунин, Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амал намоянд.
Гулмамадов Гулмамад – муовини сардори Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои ВМКБ қайд намуд, ки масъалаи мазбур, гарчанде дар нимсолаи аввали соли гузашта то ҳадде ҷоннок шуда бошад ҳам, минбаъд боз дар ҳолати пешинааш боқӣ монд. Дар ҳалли ин мушкилот дар баробари мақомоти ваколатдор бояд ҳамаи истеъмолкунандагон ҳам саҳмгузорӣ кунанд. Мутаассифона, истеъмолкунандагон аз ҳуқуқашон дар асоси қонуни марбута, огаҳӣ надоранд.
Харидор ҳуқуқ дорад аз фурӯшанда борхати ҳисобӣ (счёт-фактура) ва нархномаро барои шиносоӣ талаб намояд. Ҳар як моли воридотӣ бояд нишонаҳои зерин дошта бошад: тамға (этикетка); суроғаи пурраи истеҳсолкунанда; таркиби маҳсулот (аз чӣ иборат аст); нархи мол; зикри стандарт; санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмол.
Муродасейнов Озодбахт – мудири бахши талаботи раёсати зикргардида афзуд, ки дар мағозаҳои қаламрави вилоят молҳои пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштагӣ дар фурӯшанд. Дар шаш моҳи соли равон дар ВМКБ 8122 кг маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла, 150 кг маводи ғизо ва 1120 шишаи шароби ғайристандартӣ мусодира гардид.
Молҳои муҳлаташон гузашта бояд аз рафҳои мағозаҳо дур , ё бо нархи арзон фавран фурӯхта шаванд, дар акси ҳол фурӯшандаҳояшон ба ҷавобгарии ҷиноят кашида мешаванд.
Маликова Ҷамила – мудири озмоишгоҳи раёсат таъкид дошт, ки раёсати вилоятӣ имрӯз дорои асбобҳои замонавӣ буда, имконияти ташхиси то 45 адад маҳсулотро дорад.мавсуф қайд кард, ки дар натиҷаи озмоиш аз 592 намуди молҳо (ширӣ, спиртӣ, чой, намак, оби ҷав, бозичакӯдакона)182 намуд ғайристандартӣ дониста шудаанд. Бахусус, воридоти намаки бейод ба ноҳияҳо вилоят зиёд аст. Афзоиши касалии ҷоғар, қанд ва саратон, ки дар якуним соли охир мушоҳида шудааст, маҳз ба намаки бейод марбут мебошад. Феълан дар ноҳияи Рушон 1887 нафар ба касалии ҷоғар мубтало мебошанд.
Аз ҷониби иштирокдорони вохӯрӣ оиди пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат баъзе пешниҳодот шуданд. Аз ҷумла, пурзӯр намудани постҳои раёсат дар даромадгоҳҳои вилоят, назорати сифати маҳсулоти полезӣ ва сабзавот, манъ намудани савдои нӯшокиҳои спиртӣ ва ташнашикан дар зарфҳои полиэтиленӣ, вақт ба вақт гузаронидани рейдҳои муштараки мақомоти ваколатдор ва ғайра.
«Пайғоми Рӯшон»