Чунин унвон дошт намоишномае, ки ҳунармандони Театри мардумии ба номи Ғуломҳайдар Ғуломалиеви ноҳияи Рӯшон дар таътили зимистона манзури тамошобинони навраси деҳоти ноҳия гардонданд. Намоишномаи мазкур дар заминаи сужаи афсонаи халқии тоҷикӣ– «Мурғ, мурғобӣ ва муш» аз тарафи адиб Лутфишо Қиматшо бо забони рӯшонӣ таълиф шудааст. Ғояи ин асари бачагона тарғиби саховат, меҳрубонӣ, ваҳдат, якдилӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар арзишҳои волои инсонӣ буда, мусолиҳакорӣ, фориғболӣ, сустиродагӣ, бетарафӣ ва коҳилӣ барин аъмоли манфӣ маҳкум мегардад. Коргардони соҳибистеъдоди театри мазкур Ҳусния Худододова бо тахайюли баландаш тавонистааст, ки як намоишномаи хуби диданиеро рӯйи саҳна оварад. Нақшҳои асосӣ – Мурғ, Мурғобӣ ва Мушро Никбахтсултон Мазҳабшоева, Муҳайё Даваталиева, Хуршед Давлатов ва нақшҳои лаҳзавии Ҷалоҷинкампир, Бобои барфӣ ва Барфакро Шоира Ниёзбекова, Ҷовидон Ғуломалиев ва Нигина Хуҷаазизова, ки аксарияташон ҳунармандони ҷавони умедбахш ҳастанд, бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Намоишномаро мусиқиҳои дилнишини оҳангсози ҷавон Розӣ Тобатов зинат додаанд.