WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Мулоқот бо Вазири нақлиёт 4 январи соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораву муассисаҳо, коллективҳои меҳнатӣ, директорони мактабҳои калонтарини ноҳия, халифаҳои расмӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, намояндагони ВАО, умуман, бо ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия мулоқоти судманд бо вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек баргузор гардид…. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек, ки дар ҳайати гуруҳи кории Ҳукумати марказӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳуҷҷати стратегии ҷомеа – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ВМКБ қарор дорад, зимни суханронӣ нуқтаҳои асосии ин барномаи раҳнаморо мавриди баррасӣ қарор дода, дар навбати аввал аз татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор-солҳои 2018 – 2028» дар СММ, ба кор андохтани агрегати якуми неругоҳи азими аср – Роғун, амалӣ шудани се ҳадафи стратегии мамлакат: истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, барқарор шудану вусъат ёфтани сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва бахусус, эҳёи муносибатҳои бисёрҷабҳаи судманд бо ҳамсоякишвар-ӯзбекистон, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангию варзишӣ, маънавиёт, авзои носуботи ҷаҳони муосир ва роҳҳои ҳалли маслиҳатомези муноқишаҳо бо овардани далелҳои қотеъ андешаронӣ намуд…. Вазири нақлиёт, инчунин бо истинод ба муҳтавои Паёми роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ аз авзои ноороми ҷаҳон –даргириҳои мудҳиши қораи Араб, муташанниҷ шудани вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон, вусъат ёфтани мубодилаи ҷинояткоронаи маводи мухаддир тавассути сарҳад, дар ин замина тақвият бахшидани зиракии сиёсии омма, ҳазар намудан аз нигоҳ доштану истифодаи силоҳи ҷангӣ, нишон додани фидокории намунавӣ чун шаҳрвандони асили Ватан, таҳлили асосноки муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти вобаста ба он сухан ронда, таъкид намуд, ки бузургтарин неъмати бадастомадаи халқи бузурги Тоҷикистон бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани ваҳдати саросарии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Сулҳу суботи кишвар имконият фароҳам овард, иқтидори самти соҳаҳои истеҳсолӣ афзун шуда, содироти номгӯи муайяни маҳсулот зиёд гардад. Ҳоло Тоҷикистон, ки асосан, кишвари аграрӣ мебошад, саъй дорад ба кишвари саноатӣ табдил ёфта, некуаҳволии мардумро ба маротиб афзун гардонад. Боиси ифтихор аст, ки аз кишвари мо ба ҳамсояи дӯсту бародар – ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва шарики стратегӣ – Россия семент, меваи хушк, неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза содир шуда, ба буҷаи давлат миллионҳо маблағ ворид мешаванд. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дар заминаи 3 ҳадафи стратегии мамлкат, пешниҳоди Президенти кишварро дар бобати ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноаткунии босуръати кишвар ҳарф зада, хотирасон намуд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯъ ба 22% расонида шавад. Баҳри амалӣ шудани ин ҳадаф нотиқ ба таври қатъӣ таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ, барқарор намудани сехҳои аз кор монда, ташкили корхонаи нави корӣ, вусъати ярмаркаи корҷуён, ҷалби сармояи мустақил, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ бештар фаъолият намоянд. Худоёрзода Худоёр Завқибек, ки худ масъули соҳаи нақлиёти мамлакат мебошад ва чун узви ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи супориши Президенти кишвар баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30 –солагии Истиқлолият ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ бо мақсади ҳамкорию дастгирӣ ва мусоидат ба тамоми соҳаҳои ноҳия вобаста карда шудааст, ба таври мушаххас ба истинод ба нуқтаҳои Паём изҳор дошт, ки дар давраи соҳибистиқлол= беш аз 2100 км роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 км роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёд гардиданд. Дар соҳаи нақлиёт дар айни ҳол 7,5 миллиард сомонӣ мавриди гардиш қарор дошта, 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ мешаванд. Ҳоло Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва ӯзбекистон робитаи пайвастаи нақлиёти мошингард ва роҳи оҳан дошта, ба як маъно кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ҳадафи дуюми стратегии мамлакат амалӣ гашт. Худоёрзода, инчунин, ба таври илова ахборот дод, ки ба бунёди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Шуробод ба масофаи 31 км Шикев-Қалъаи Хум 27 км 8 ширкати хориҷӣ мароқ зоҳир карда, нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ лоиыа мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аллакай, Бонки исломӣ барои татбиқи ин лоиҳа ризоият додааст. Ибтидои соли ҷорӣ сохтмони роҳи автомобилгарди Қалъаи Хум-Ванҷ то дарвозаи ноҳияи Рӯшон дар назар аст ва бо ин мақсад 2,7 миллиард ЮАН (асъориХитой) пешбинӣ шудааст. Азбаски соли 2019 бо пешниҳоди Президенти кишвар ҳамчун идомаи мантиқии соли гузашта Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, вазири нақлиёт зарурати дар маркази ноҳияю ҷамоатҳо, мавзеъҳои дигари деҳот бунёд намудани нуқтаҳои хизмати маишӣ, аз қабили сартарошхона, таъмири пойафзол, дӯкону корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ (дигар навъҳои ҳунар) ҳаммому нуқтаҳои таъмири мошинҳо, меҳмонхонаву ошхона ва дигар намуди истироҳатгоҳҳо барои рушди сайёҳиро таъкид намуданд…. Вазири нақлиёт вобаста ба фикру мулоҳизот, таклифу пешниҳод ва тавсияву эроди ҳозирин доир ба истифодаи самараноки замин, бунёди боғу заминҳои бекорхобида, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, оқилона истифода бурдани коркарди меваю сабзавот, махсусан ба бозори ватанӣ баровардани туту себу чормағзи хуштаъми Рӯшон бо интиқоду роҳҳои рафъи он сухан ронда, аз сиёсати иқтисоди бозоргонӣ тавсияҳо дод. Таваҷҷуҳи асосӣ, ба он равона шуд, ки дар шароити куҳистон, ки имкониятҳои иқтисодӣ камтаранд, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабию беруназмактабӣ бештар эътибор дода шавад, то ки насли наврас чун неруи солими ҷомеа ба воя расида, ҷавонони босадоқат ва ояндасози миллат ба нафъи Ватан хизмат расонанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон» бояд сармашқи зиндагии ҳаррӯза қарор гиранд. Насли ҷавон бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ҳаросафканӣ (терроризм) ифротгароӣ (экстремизм) қарор гирифта, аз ҳар гуна зуҳуроти манфӣ худдорӣ намояд. Халқи шарифи ноҳия бояд сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ҷонибдорӣ намуда, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирад.

Пайшанбе ДАВЛАТОВ, ноҳияиРӯшон