WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид. Дар ин бора қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

Мавсуф зикр кард, ки дар Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки 15 август аз ҷониби Раиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон имзо гардида, дар нашрияи расмии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон –«Ҷумҳурият» нашр шудааст, омадааст,  ки  рақам  ва калимаи «6 моҳ» ба калимаҳои «як сол» иваз карда шаванд. Дар посух ба саволи чӣ теъдод SIM- кортҳо тавассути шиносномаи ID аз нав ба қайд гирифта шудаанд, Илҳомҷон Атоев гуфт, ки то 16 августи соли равон дар ҷумҳурӣ  2 миллиону 350 ҳазору  337 SIM-кортҳо тавассути шиносномаи нав –ID  ба қайд гирифта шудаанд.

Намояндаи масъули Хадамоти алоқаи  мамлакат зикр кард, ки дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 6,8 миллион нафар шаҳрвандони мамлакат истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ буда, аз ин омор 4,8 миллион нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.  Алҳол дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон  5 ширкати мобилӣ- «Тселл», «Вавилон  Мобайл», «Мегафон Тоҷикистон», «Билайн Тоҷикистон» ва  «ТК Мобайл»  фаъолият дошта, ба муштариёни худ хизматрасониии мухобиротӣ пешниҳод месозанд.