WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Дар Бадахшон як тонна маводи ғизоӣ ва 13 ҳазор намуд доруворӣ мусодира ва нобуд карда шуд

ХОРУҒ, 29.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи муштарак дар ҳайати мутахассисони Раёсати хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раёсати назорати давлатии эпидемологӣ ва фармасевтӣ ба миқдори беш аз 13 ҳазор намуди доруворӣ ва 1 тонна маҳсулоти ғизоиро ба коми оташ партофтанд.

Сардори раёсати мазкур Ташриф Абдуллобеков гуфт, ки “давоми 8 моҳи соли равон мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилоят аз мағозаву дӯкон ва марказҳои тиҷроатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба миқдори 1 тоннаву 326 килограмм маҳсулоти гӯштиву ширӣ, қаннодӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан ва беш аз 16 ҳазор дона тухмро, ки муҳлаташон гузашта, барои истеъмол хатарнок шумурда шудаанд, аз муомилот берун карданд. Дар ин давра ҳамчунин аз дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 13 ҳазор намуд доруҳои пастсифат ва шубҳаовар мусодира гардиданд. Ҳамаи ин маводи ғизоӣ ва доруворӣ  дар озмоишгоҳ мавриди санҷиш қарор дода шуда, пас аз хулосаи комиссияи муштараки ниҳодҳои назоратӣ нобуд карда шуд”.

Сардори раёсати мазкур ба истеъмолкунандагоне, ки дар ошкор намудани маҳсулоти пастсифат ва хатарзо барои саломатии инсон бо ниҳодҳои назоратӣ ҳамкорӣ намуда, аз заҳролудшавии эҳтимолии харидорон пешгирӣ кардаанд, арзи сипос намуд.

Таъкид гардид, ки ҳар қадар харидорон ба санаи барориш ва муҳлати истеъмоли мол аҳамияти бештар диҳанд, ҳамон қадар сатҳи моли пастсифату хатарзо дар дӯкону мағозаҳо коҳиш меёбад.